Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзёбии матбуоти Аврупову Амрико аз референдуми Тоҷикистон



Саид Сабоҳ

Рузномаи "Ле Монд"-и Фаронса навиштааст, ки референдум ғайримустақим муҳлати президентии Раҳмоновро то соли 2020 тамдид кард.

Рузномаи "Вашингтон пост" менависад, гарчӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов то кунун нагуфтааст, ки худро дар ду давраи интихоботи президентӣ номзад мекунад, аммо ҳадаф аз референдуми рузи якшанбе ин буд, ки муҳлати вай дар ин мақом ҳадди ақал барои ду давраи ҳафтсолаи дигар тамдид шавад.

Ба назари рузномаи амрикоӣ, Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида аст, ягона кишваре мебошад, ки аҳзоби сиёсии қонунии мухолиф дар он вуҷуд дорад, аз ҷумла ҳизби исломӣ.

Рузномаи "Делӣ Телеграф"-и Британия қайд мекунад, ки референдум руз якшанбе дар бораи тағйироти Қонуни Асосии тоҷикон, ки тавассути нозирини ғарбӣ ва ҳамин тавр Иёлоти Муттаҳида таҳти танқид қарор дошт, як баҳона мебошад барои тамдиди давраи президентӣ Эмомалӣ Раҳмонов. Русия, ки беш аз 10 ҳазор сарбоз дар Тоҷикистон дорад ба гуфтаи "Делӣ телеграф" референдумро танқид накарда ва оқои Раҳмоновро шахсе меномад, ки минтақаи буҳронии суботро тақвият мекунад. Рузнома идома медиҳад, як кишваре, ки бунёдҳои демократӣ дар он хеле заъиф мебошанд ба назари шореҳин натиҷаҳои назархоҳӣ қабл аз он маълум буд.

Рузномаи "Нойен Зурихен Цайтунг" шветсарӣ менависад, президент Эмомалӣ Раҳмонов як силсила ислоҳотро дар Қонуни Асосии кишвар ба раъйи мардум гузошт, аммо ҳадафи ниҳоӣ тамдиди давраи кори худаш то соли 2020 мебошад. Баъд аз 11 соли қудрат акнун ба назари рузнома, оқои Раҳмонов намехоҳад, ки ин курсиро тарк намояд. "Нойен Цайтунг" идома медиҳад, вақте ки оқои Раҳмонов, дар моҳи март баргузории рефрендумро эълон намуд, ҳама медонистанд, ки ҳадаф аз он чӣ буд.

Рузномаи "Ле Монд"-и Фаронса менигорад, ки референдум ғайримустақим муҳлати президентии Раҳмоновро то соли 2020 тамдид кард. Ба гуфтаи рузнома ҳадди аққал ҳадафи референдум рузи якшанбе ҳамин буд. Ба навиштаи рузнома, Эмомалӣ Раҳмонов ислоҳоти санҷидаи Қонуни Асосиро тавассути референдуми рузи якшанбе тасдиқ намуд, ки дар он ҳокимияти худаш давомдор мешавад ва бо ин кор у аз тамоиле, ки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷараён дорад, пайравӣ мекунад, аз ҷумла президенти Туркманистон Ниёзов, ки соли 1999 худро президент барои абад эълон кард.

Рузномаи "Файненшл Таймс"-и Британия як ҷиҳати дигари рефрендумро мадди назар гирифта менависад, ки Эмомалӣ Раҳмонов баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар тоҷикистон қудратро ба даст гирифт, вале ба назари бисёр шореҳин доираи қудрати вай танҳо дар шаҳри Душанбе маҳдуд мешавад ва баъзеҳо ҳатто уро ҳокими шаҳри Душанбе меноманд, вале бо ин референдум, ба назари рузнома, у на танҳо замони ҳукмронии худро тамдид намуд, балки хост соҳаи ҳукуматашро низ васеъ кунад.

Хабаргузории "Рейтер" қайд мекунад, ки опозитсиюни хурди Тоҷикистон референдумро танқид намуд, аммо замоне, ки дарк кард, ки ин танқидҳо ҷоеро намегиранд, хомуширо ихтиёр намуд. Назар ба навиштаи "Рейтер", Тоҷикистон бо ин референдум кадом қадами нав набардошт, балки роҳи раҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва аз ин беш роҳи президенти Туркманистонро гирифт.

Хабаргузории "Ассошиейтед Пресс" қайд мекунад, дар референдуми рузи якшанбеи Тоҷикистон дар баробари тамдиди давраи президентӣ 55 ислоҳ ва иловаҳои дигар ба Қонуни Асосӣ тарҳ шуда буд, аммо ҳама медонист, ки бо пешниҳоди ин тағйирот, онҳо мехоҳанд ҳадафи аслӣ, яъне давомдор сохтани даври президентии Раҳмоновро амалӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG