Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуоти Русия дар бораи референдуми Тоҷикистон



Мирзонабии Холиқзод

Як таҳлилгари рус гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмонов барои худаш як раъйпурсии шубҳанокро баргузор кард, то ки дар курсии президентӣ то соли 2020 бимонад.

Рузномаи "Комсомолская Правда" чопи Маскав навиштааст, дар атрофи 56 тағйиру иловаҳои пешниҳодӣ ба 56 моддаи Қонуни Асосии Тоҷикистон то референдум баҳси зиёд сурат нагирифт. Аз тарафи дигар неруҳои мухолиф ба ҳукумат дар дохили худ мавқеи ягона надоштанд.

Масалан, агар муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон дар Маҷлиси Намояндагон Муҳаммадшариф Ҳимматзода ба масъалаи лағви маҳдудияти давраи президентӣ зиддияти худро нишон медод, раиси ҳамин ҳизб Саид Абдулоҳи Нурӣ, мегуфт :"Зарурат нест, ки бо референдум мухолифат кунем".

"Комсомолкая Правда" аз қавли нозирони маҳаллӣ мегуяд, имруз президент Раҳмонов ҳамоварди шоиста надорад ва агар ба истилоҳи "бокс" - муштзанӣ гап занем, вай ҳамвазни худро барои рақобат ба курсии президентӣ надорад.

Як устоди донишгоҳи Тоҷикистон бо рузномаи "Комсомолская правда" дар хусуси Раҳмонов суҳбат намуда, ба у ҳамчун сиёсатмадори доираи шуравии собиқ баҳои мусбат, вале ҳамчун сиёстмадор дар миқёси байналмиллал баҳои манфӣ додааст.

Вале яке аз аъзои собиқи Фронти халқӣ, ки дар бозори "Шоҳмансур" - и Душанбе савдогарӣ мекард, гуфтааст, агар ба ҷои Раҳмонов ягон нафари дигар ояд боз ҷанг намешавад?

"Коммерсант" рузномаи дигари чопи Маскав таҳти унвони "Тоҷикбошӣ" як мақолаи таҳлилӣ оид ба референдуми Тоҷикистон ба нашр расонда мегуяд, ҷои тааҷуб аст, 2 соат аз раъйдиҳӣ нагузашта, Комиссияи марказии интихобот эълон дошт, ки 53 дар сади мардум овози мусбат додаанд. "Коммерсант" меафзояд, мувофиқи маълумоти Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон ба референдум бояд 3,1 миллион нафари бархурдор аз ҳаққи раъй овоз медод, ки аз ин якуним миллиони он дар хориҷи кишвар ба сар мебарад. Танҳо барои тоҷиконе, ки дар Русия ба сар мебаранд ва шумораи онҳо беш аз 400 ҳазор нафар аст, ҳамагӣ 13 ҳазор баргаи раъйӣ ҷудо карда шуда буд.

Ҳамин рузнома меафзояд, акнун ки як давраи 7 солаи раёсати ҷумҳур лағв карда шуд, президенти минбаъда метавонад, паиҳам дар ду давраи дигар барои курсии раёсати ҷумҳур талош кунад. Ба навиштаи "Коммерсант" , ба ин тартиб Эмомалӣ Раҳмонов барои ду давраи дигар дар раёсати ҷумҳур мемонад ва то пойини ин давраҳо синни у ба 67 мерасад. Бар асоси тағйироте, ки қисмати болоии маҳдудияти синну сол, яъне 65 сола бардошта шудааст, президент Раҳмонов метавонад, дар оянда ҳам барои ин курсӣ талош кунад.

"Коммерсант" аз қавли ҳамраиси Неруҳои демократии Осиёи марказӣ Додоҷон Атовуллоев меорад, ки референдум бисёре аз сиёсатмадорони ба хоб рафтаи тоҷикро бедор намуд. Ҳамчунин референдум ҳузури аҳзоби сиёсиро дар дохил фаъолтар хоҳад кард ва дар кори онҳо таҳрик хоҳад дод.

Раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон Муҳаммадрузӣ Искандаров ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, натиҷаи раъӣпурсиро демократҳо эътироф намекунанд. Ба маълумоти Ҳизби Демократ аз шумораи умумии раъйдиҳандагон дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 20 дар сад ба пои сандуқҳои овоздиҳӣ рафтаанд. Маҳмадрузӣ Искандаров гуфтааст, демократҳо чунин пешомадро интизор буданд, аз ин ру референдумро бойкот карданд.

Генадий Сисоев як таҳлилгари Русия дар мабуоти Маскав роҷеъ ба натоиҷи референдуми Тоҷикистон изҳори назар карда мегуяд, Эмомалӣ Раҳмонов барои худаш як раъйпурсии шубҳанокро баргузор кард, то ин ки дар курсии президентӣ то соли 2020 бимонад ва ҳукуматашро устувор кунад.

Ба гуфтаи таҳлилгари Русия, ҳукуматдорони имруз бо назардошти вазъи ногувори кишвар ба таври тақаллубӣ референдум баргузор мекунанд ва ба ҷомеаи ҷаҳон фаҳмонданӣ мешаванд, ки мардуми кишвараш Эмомалӣ Раҳмоновро барои сарварии якумрӣ интихоб кардааст.

Ин таҳлилгар собиқ президенти Югославия Слободан Милошевич, Жан Бидел Бокасса - раиси ҷумҳури Африкои Марказӣ ва Сафармурод Ниёзов президенти Туркманистонро мисол меорад, ки бо баргузории интихоботҳо алайҳи хостаҳои аслии мардуми кишварашон, худро президенти мудовимулумр нишон медиҳанд.

Рузномаи "Комсомолсая Правда" дар ҷои дигар мегуяд, Эмомалӣ Раҳмонов барои баргузории референдум як давраи муносиб ва муваффақро интихоб кард. Новобаста аз норозигиҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба тағйиру иловаҳои пешниҳодӣ ба Қонуни Асосӣ, мувафақиятҳои сиёсии Раҳмонов дар миқёси байналмиллал аз ҷониби кишварҳои Ғарб истиқбол мешуд.

Чанд руз то шуруъи референдум намояндаи котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Лин Паско ба Тоҷикистон омад ва дар мавриди ин маъракаи сиёсӣ гуфт, Амрико ба баргузории референдум дахолат намекунад, ин кори дохилии Тоҷикистон аст, вале вай афзуд, референдум бояд мувофиқи стандартҳои байналмиллал сурат гирад.

Пас аз сафари ахири Владимир Путин ба Тоҷикистон муносибатҳои ду кишвар боз ҳам наздиктар шуданд ва ин ҳама, шароитеро пеш овард, ки Раҳмонов барои анҷоми манёврҳои сиёсиаш имкон пайдо кунад.

XS
SM
MD
LG