Пайвандҳои дастрасӣ

ҲДТ натиҷаҳои раъйпурсиро эътироф намекунад



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад



Ҳизби Демократи Тоҷикистон натоиҷи ҳамапурсиеро, ки 22 июн баргузор шуд ва ҳадаф аз он ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Асосии кишвар буд, эътироф намекунад гуфт, раиси ин ҳизб Муҳаммадрузӣ Искандаров.

Ҷаноби Искандаров гуфт, вай ба иддаои Комиссияи интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон мабнӣ бар ин ки дар ин референдум беш аз 96 дар сади ашхоси воҷиби шароити раъйдиҳӣ ширкат кардаанд, бовар надорад.

Аммо Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон мегуяд, натоиҷи референдумро эътироф мекунад, зеро чунин натоиҷ бозтоби воқеияти Тоҷикистон аст.

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG