Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду созмони байналмиллалӣ аз назорати референдуми Тоҷикистон даст кашиданд



Абдуқайюми Қайюмзод

САҲА ба дунболи СММ эълон кард, ки референдуми Тоҷикистонро назорат намекунад.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҷараёни раъйпурсӣ роҷеъ ба ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба Қонуни асосии Тоҷикистон назорат нахоҳад кард. Салла Кайкҳо мушовири раиси маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон тасмими аз назорат худдорӣ кардани созмони мазкурро ба фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон марбут донист, ки онҳоро дер даъват намудааст.

Хонум Кайкҳо гуфт: "Мо яъне Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо тасмим гирифтем дар раъйпурсии ислоҳоти Қонуни Асосии Тоҷикистон иштирок накунем. Иллат ин аст, ки даъватномаи иштирок дар референдум ба мо хеле дер расид. Тибқи муқаррарот ҳадди аққал ду моҳ зарур аст, ки аз лиҳози техникӣ омодагӣ сурат бигирад."

Аммо дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз ширкат накардани нозирони САҲА дар раванди баргузории раъйпурсӣ изҳори беиттилоӣ карданд.

Муҳибулло Додоҷонов - раҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар робита ба ин масъала чунин гуфт:"Дар бораи ширкат накардани нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мо хабар надорем. Лекин аз тарафи САҲА Ричард Чембер ҳамчун намоянда ва ҳам нозир ва мо ба он кас шаҳодатнома додем, вале бораи иштирок ва ё иштирок накардани он кас мо хабардор нестем."

Аммо хонум Кайкҳо дар мавриди ширкати намояндаи САҲА ва шаҳодатнома гирифтани он гуфт, ки созмони онҳо дар маъракаи баргузории раъйпурсии ислоҳоти Қонуни Асосӣ расман иштирок нахоҳад кард ва нафаре, ки иштирок мекунад, танҳо ба ҳайси мушовири техникӣ ҳузур дорад.

Дар ҳамин ҳол коршиносони тоҷик аз назорат бар маъракаи референдуми ислоҳоти Қонуни Асосии Тоҷикистон даст бардоштани ду созмони бонуфузи байналмилалӣ Созмони Миллали Муттаҳид ва САҲА - ро дар таври оҷил ва шитобзада пеш бурдани ин маърака аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон медонанд.

Тоҷикистон аз соли 1992 узви ин ду созмони байналмилалӣ мебошад ва ба ин тартиб асноди ҳуқуқии онҳоро эътироф кардааст. Таҳлилгарон мегуянд, дар мавриди таъйини муддати омодагӣ ва баргузории референдум мақомоти Тоҷикистон мувофиқаи ин созмонҳоро дарёфт накардаанд.

Ҳамчунин дар тарзи иҷрои меъёрҳои байналмиллалии баргузории референдум, ки талаби як ҷавоб барои 56 савол хилофи онҳост, назари ин созмонҳо ба назар гирифта нашудааст. Ҷомеашиноси тоҷик Маҳкам Аслонов мегуяд: "Мутаасифона ду созмони бонуфузи байналмиллалӣ аз назорати раъйпурсӣ худдорӣ карданд. Ба фикри ман хеле хуб мешуд, ки онҳо дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок мекарданд ва авзои халқи тоҷикро хеле хубтар меомухтанд. Албатта ширкат накардани онҳо дар раъйпурсӣ бетаъсир намемонад. Мо фақат афсус мехурем аз ин."

Эъломи адами ширкати нозирони САҲА дар назорат бар баргузории маъракаи раъйпурсӣ ҷиҳати ворид намудани тағироту иловаҳо ба Сарқонуни Тоҷикистон, ки рузи 22 июн доир мегардад, ба думболи як чунин тасмими мушобеҳи СММ сурт мегирад.

Созмони Миллали Мутаҳид низ охири ҳафтаи гузашта ба иллати дер даъват шудан ба назорати референдум эълон дошт, ки дар ин маърака нозирони худро намефиристад.

XS
SM
MD
LG