Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон хатари қочоқро дарк мекунад



Нурмуҳаммади Холзода



Рашид Олимов - намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид рузи сешанбе, 16 июн изҳор кард, ки Тоҷикистон ба яке аз сипарҳои аслии ҷилавгирӣ аз қочоқ ва интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва Аврупову Амрико табдил ёфтааст.

Вай ин нуктаро зимни суханронии худ дар ҷаласаи Шурои Амнияти ин созмон роҷеъ ба масъалаи ҷилавгирӣ аз тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон ва қочоқи он изҳор дошт.

Дар ин ҷаласа ҳамчунин намояндагони кишварҳо ва созмонҳои мухталифи байналмиллалӣ дар бораи маводи мухаддири Афғонистон суҳбат карданд.

Рашид Олимов гуфт, аз соли 1999 то кунун, яъне дар чаҳор соли гузашта Тоҷикистон 25 тонна маводи мухаддир боздошт кардааст, ки аз он 14 тон ҳероин мебошад. Ба гуфтаи намояндаи Тоҷикистон, назорат бар қочоқу интиқоли маводи мухаддир яке аз самтҳои аслии сиёсати давлати Тоҷикистон мебошад.

Рашид Олимов ҳамчунин гуфт, Тоҷикистон хатари ҷиддии қочоқи маводи мухаддири афғониро дарк мекунад. Рашид Олимов афзуд, ҷиҳати ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддири афғонӣ дар атрофи Афғонистон бояд ҳалқаи амниятӣ таъсис ёбад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мубориза бо қочоқ бояд ба ҳукумати Афғонистон кумаки бештар расонад.

XS
SM
MD
LG