Пайвандҳои дастрасӣ

Хайруллоев бо Бордюжа мулоқот кард



Раҳматкарими Давлат



Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъии кишварҳои муштаракулманофеъ 18 июн дар шаҳри Душанбе бо Шералӣ Хайруллоев вазири дифоъи Тоҷикистон мулоқот ва масоили вобаста ба амнияти минтақа ва густариши ҳамкориҳои низомӣ дар чаҳорчуби ин паймонро баррасӣ кард.

Фаридун Маҳмадалиев корманди дафтари матбуоти вазорати дифоъи Тоҷикистон дар ин бора гуфт: "Зимни ин мулоқот роҷеъ ба маҷмуъи масоили амнияти минтақавӣ ва байналмиллалӣ табодули назар сурат гирифт. Ба таври фаъол ва пурсамар ба роҳ мондани кори Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои хориҷии ин созмон аз масъалаҳои аслии мавриди баррасии ду ҷониб буд. Инчунин масъалаи раванди таъсиси ситоди муштараки фармондеҳии созмони мазкур ва ҳамкориҳои низомӣ-техникӣ дар чаҳорчуби ин созмон низ баҳс шуд."

Ба гуфтаи сухангуёни вазорати дифоъи Тоҷикистон, Шералӣ Хайруллоев як силсила пешниҳодотеро роҷеъ ба беҳбуди фаъолияти Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ ироа кардааст, ки ҷузъиёти он гуфта намешавад.

Николай Бордюжа ҳамчунин бо дигар мақомоти низомӣ ва интизомии Тоҷикистон мулоқот анҷом додааст. У бо вазири умури дохилаи Тоҷикистон роҷеъ ба вазъи ҷиноӣ дар ин кишвар ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ суҳбат кардааст.

XS
SM
MD
LG