Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ маблағгузории АКН-ро идома хоҳад дод



Раҳматкарими Давлат



Созмони Милалли Муттаҳид барномаи маблағгузории Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддир дар Тоҷикистонро тамдид кард. Рузи сешанбе ҳукумати Тоҷикистон ва Идораи мубориза бо маводи мухаддири СММ дар ин замина санадеро ба имзо расониданд. Шеравлиё Мирзоавлиёев муовини раиси Оҷонсиии назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон дар ин бора гуфт, як барномаи СММ, ки барои оҷонсии Тоҷикистон пешбинӣ шуда буд, тибқи санади имзошуда, барои чанд соли дигар тамдид гардид.

Оқои Мирзоавлиёев афзуд, бар иловаи ин ҳамчунин ду санади дигар дар бораи маблағгузории барномаи ҳамоҳангсозии ниҳодҳои қудратӣ дар заминаи мубориза бо маводи мухаддир ва ба роҳ мондани муносиботи ин ниҳодҳо бо созмонҳои ҳамгуни хориҷӣ ва таҳкими ҳимоят аз марзҳои Тоҷикистон ҷиҳати чилавгирӣ аз ворид шудани маводи мухаддир низ ба имзо расидааст.

Аз ҷониби Тоҷикистон ба ин аснод Саидамир Зуҳуров, муовини сарвазири ин кишвар ва аз суи СММ муовини сардори Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории ин созмон Сумро Ноян имзо гузоштанд. Тибқи ин санад СММ барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон 10 миллион доллар ихтисос медиҳад.

Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон як ниҳоди муштараки давлати Тоҷикистон бо СММ аст, ки тавассути маблағгузории СММ аз соли 1999 ба фаъолият оғоз кард. Оғои Мирзоавлиёев таъкид кард, қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон назар ба соли гузашта ҳамчунон ру ба афзоиш ва нигаронкунанда боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG