Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оё ба 50 суол метавон як посух дод?



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад

Коршиносони тоҷику хориҷӣ дар як нишасти бахшида ба референдум ба ин суол ҷавоб ҷустанд.

"Оё шумо ба беш аз 50 саволе, ки бароятон матраҳ мекунанд, метавонед бо ҷавоби тасдиқ ва ё рад посух бидиҳед? Ин аз ҷумла саволҳое буд, ки аъзои аҳзоби Тоҷикистон, коршиносон ва хабарнигорон рузи сешанбе 17 июн дар як нишаст хостанд ба он ҷавоб пайдо кунанд.

Саволро пешниҳоди вакилони халқи Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйирот ба 56 моддаи Қонуни Асосии Тоҷикистон ба миён овардааст ва мардум ба ин 56 саволи матраҳнамудаи онҳо дар референдум бояд як ҷавоб бидиҳад.

Вақте аз раиси намояндагии Пажуҳишгоҳи миллии демократияи Амрико Скот Кирринг, ки нишаст ба ибтикори ҳамин ниҳод баргузор шуд, савол кардам, ки оё дар таҷрибаи ҷаҳонии демократия чунин чизе вуҷуд дорад вай гуфт: "Ин аз таҷрибаи собиқи шуравист, ки мардум бояд ба чанд савол як ҷавоб бидиҳад. Бояд ин саволҳо ҳадди аққал ба чанд блок тақсим карда мешуд, то мардум ба ҳар блок як ҷавоб бидиҳад. Ин як таҷрибаи бадест барои демократия."

Яке аз кормандони ин нишаст гуфт, матраҳ намудани 56 савол ва тақозо кардан аз мардум, ки ба онҳо танҳо як ҷавоб бидиҳанд нақзи банди сеюми Қонуни интихобот ва референдум аст, зеро ҳуқуқи раъйдиҳандагонро барои ба сурати алоҳида ҷавоб додан ба ҳар савол маҳдуд мекунад.

Ҳамчунин баъзе аз иштироккунандагон қонунӣ сохтани таҳсил ва табобати хусусиро, ки аз ҷумла саволоти референдум аст, хилофи банди 100 Қонуни Асосӣ гуфтанд, ки дар ин модда Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ хонда шудааст.

Ворид намудани тағйирот ба моддаи 65 мавриди накуҳиши бисёре аз иштироккунандагони ин нишаст қарор гирифт. Ин ашхос мегуфтанд, раиси ҷумҳури кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бори чаҳорум аст, ки барои ҳифзи қудрати шахсиаш Қонуни Асосиро тағйир медиҳад.

Аммо аксари ширкаткунандагони ин нишаст мегуфтанд, чаро номи он вакилоне, ки мубтакири ворид намудани тағйиру иловаҳо мебошанд, нашр намешавад ва мардум намедонад, чӣ ашхосе дар паси ин референдум қарор доранд ва ба нафъи кӣ кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG