Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳмонов ва Хотамӣ мулоқот карданд



Искандари Хоҷа Мирзода



Субҳи душанбе, 16 июн президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар Теҳрон бо раисиҷумҳури Эрон Муҳаммади Хотамӣ вохурда, равобити дуҷониба ва вазъи минтақаро арзёбӣ намуд.

Дар ҷараёни сафари серузаи Эмомалӣ Раҳмонов ба Эрон мулоқот бо раҳбари руҳонии ҷумҳурии Исломӣ Оятуллоҳ Алии Хоманайӣ ва ширкат дар музокироти сарони Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Узбакистон пешбинӣ шудааст.

Дар нишасти матбуотие, ки баъди гуфтушуниди сарони Эрону Тоҷикистон дар Теҳрон доир гардид, Муҳаммади Хотамӣ изҳори умедворӣ кард, ки равобити ду кишвар дар арсаи иқтисодӣ, аз ҷумла сохтмони тунели Анзоб, нерӯгоҳи обии Сангтӯда ва ҳамзамон дар заминаҳои сиёсиву фарҳангӣ густариш ёбад.

Президенти Тоҷикистон гуфт, ки сафар ба Эронро ҳамчун сафар ба хонаи дуюми худ арзёбӣ мекунад. Эмомалӣ Раҳмонов интизор дорад, ки дар мулоқоти сеҷонибаи сарони Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон дар масъалаи сохтмони роҳи транзитӣ ва барқарории иртиботи заминии миёни ин кишварҳо баҳсу табодули назар сурат мегирад. Раисҷумҳури Тоҷикистон ин роҳи транзитиро роҳи ҳаётӣ барои таҳкими истиқлоли сиёсӣ ва иқтисодии ин кишварҳо донист.

XS
SM
MD
LG