Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби таҳрир дарди сари водии Фарғона аст



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад



Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раҳбари Иттиҳодияи Сиёсатшиносони Тоҷикистон гуфт, фаъолияти "Ҳизб-ут-таҳрир" умдатарин омили хатар барои суботи минтақаи Осиёи Миёна мебошад. Вай ин суханонро дар як конфронси байналмиллалӣ, ки таҳти унвони "Мушкилоти амниятӣ аз дидгоҳи масоили геополитикии Осиёи Миёна" дар Донишгоҳи славянӣ рузи душанбе, 16 июн баргузор шуд, баён дошт. Вай афзуд: "Албатта мо терроризмро масъалаи асосӣ мебинем, ки он терроризм гуё заминаи динӣ дорад, ин ҳам бошад фаъолияти Ҳизби таҳрир дар минтақа аст, чунки дар водии Фарғона ин як проблемаи хеле бузург аст. Ва бояд тамоми кишварҳои минтақа як шуда масъалаи ин ҳизбро бартараф намоянд.:

Ҷаноби Мамадазимов гуфт, он чизе, ки заминаро барои фаъолияти "Ҳизб-ут-таҳрир дар Осиёи Миёна фарохтар месозад, фақри фарогир дар ин минтақа мебошад. Дар ин конфронс мавзуи густариши рузафзуни тиҷорат ва истеъмоли маводи мухаддир аз мушкилоти дигари минтақа дониста шуд.

Корманди сафорати Русия Денис Фёдоров дар ин замина баён дошт: "Мавзуи ҷиноёти марбут ба қочоқи маводи мухаддир фаротар аз масоили ҷурму ҷиноят аст ва ифротгароӣ ва тундравии сиёсиву мазҳабиро тақвият мекунад, аз ин ру эҷодкунандаи мушкилоти сиёсист ва ба суботи давлатҳои минтақа таҳдид мекунад."

Конфронси мазкурро Маркази таҳқиқоти геополитикии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия бо сарпарастии Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ ё НАТО доир намуданд. Дар конфронс масъулони ниҳодҳои давлатӣ, дипломатҳо ва коршиносони масоили амниятиву сиёсӣ ширкат карданд.

XS
SM
MD
LG