Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мавқеи ниҳоии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар мавриди раъйпурсии қарибулвуқуъ



Раҳматкарими Давлат

ҲДТ дар раъйпурсӣ ширкат намеварзад, ҲСДТ ва ҲДТ раъйи мухолиф медиҳанд, ҲХДТ ҳатман ҷонибдорӣ мекунад.

Се ҳизби сиёсии Тоҷикистон рузи душанбе бо доир намудани як нишасти муштараки хабарӣ мавқеъи ниҳоии худро дар мавриди баргузории раъйпурсӣ ба манзури ислоҳоти Қонуни Асосии Тоҷикистон баён доштанд.

Маҳмадрузӣ Искандаров, раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ) гуфт, бинобар он ки мавқеъи Ҳизби Демократ ва пешниҳодоти ҳизбаш дар бораи таҳияи тарҳи ислоҳот мадди назар гирифта нашудааст, ҲДТ дар раъйпурсӣ ширкат нахоҳад кард.

У гуфт: "Изҳороти Ҳизби Демократи Тоҷикистон ба ҳама созмонҳои байналмилалӣ, парламенти Тоҷикистон ва ҳукумати Тоҷикистон ба тарзи хаттӣ расонида шудааст. Баъди он ки чор ё панҷ руз мондааст барои раъпурсӣ ва ягон натиҷае надод изҳороти мо, мо мутмаъинем, ки раъйпурсӣ ошкору ба тарзи демократӣ намегузарад. Ба ҳамин хотир масъулияти таърихии Ҳизби Демократ дар назди ҷомеаи Тоҷикистон маълум карда, расман эълон мекунам, ки Ҳизби Демократии Тоҷикистон дар раъйпурсӣ иштирок намекунад."

Аммо Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон мегуяд, дар раъйпурсӣ ширкат мекунад, аммо бар муқобили ислоҳот раъй хоҳад дод: "Мо фикр мекунем, ки баъд аз тағйиру иловаҳое, ки ба акнун ба Сарқонун дохил мешаванд, тағйироту иловаҳои дохил мешудагӣ аз ин ҳам зиёдтар мешаванд. Дақиқтараш мо ба як марҳилае дохил шуда истодаем, ки ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Сарқонун як ҷараёни давомдор хоҳад шуд."

Дар ҳамин ҳол Мирҳусен Нарзиев, раиси Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон низ гуфт, бархе аз созмонҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизбаш ҷонибдори таҳрими раъйпурсӣ ҳастанд. Вале ба назари у беҳтар аст, дар раъйпурсӣ ширкат кард ва бар мухолифи ислоҳот раъй дод: "Мо қатъиян зидди ворид кардани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 38 ва 41-и Сарқонун мебошем. Чаро ки ин тағйироту иловаҳо дар сурати қабул шудан, мушкилоти 85 фоизи аҳолии Тоҷикистонро аҳолии манфиатгумкардаро боз ҳам мушкилтар мегардонад. Ва аз эҳтимол дур нест, ки қисми зиёди ин мардум дигар фарзандонашонро ба мактабҳо надиҳанд."

Зимни ин нишаст аҳзоби сиёсӣ ҳамчунин мавриди нороҳатии худро аз суханони раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки гуфта буд, аҳзобе, ки мухолифи референдум садо баланд мекунанд аз пойгоҳҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа бархурдор нестанд, изҳор доштанд.

Муҳаммадрузӣ Искандаров раиси ҲДТ ва дар гузашта аз фармондеҳони аршади нируҳои мухолифини собиқ баргузории референдумро хилофи усули Созишномаи Сулҳ донист ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ - раҳбари собиқи мухолифонро дар зери по гузоштани арзишҳои демократӣ ва сулҳ ва кутоҳ омадан бар талабҳои ҳукумат муттаҳам кард. Вай гуфт: "Асос ҳамин буд ва ҳар ду тараф сулҳ карданд ва ин яке аз шартҳои асосии сулҳ буд. Ва аққалан як давра мумкин буд, ки ҳаминро намерасиданд ва шахси дуввум, ки баъди Эмомалӣ Раҳмонов мешуд, бигзор вай иловаҳо ҷорӣ мекард. Бигзор тағйирот ворид мекард, гап сари он аст, ки ҳамин се сол дар ҷомеаи Тоҷикистон ягон кас намегуяд, ки чӣ тағйирот шудааст, ки дар байни се сол зарурат ба тағйири Сарқонун пайдо шудааст. "Ман фикр мекунам, ки ин паймоншиканӣ аст. Ман фикр мекунам, ки Нурӣ ҳамаи моро фурухт."

Ба ин далел, гуфт оқои Искандаров беҳтар аст рузи якшанбеи 22 июнро сарфи тафреҳ ва истироҳат кунам, то ширкат дар раъйпурсӣ.

Аммо намояндагони ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократӣ муътақиданд, ки Созишномаи умумии сулҳ дигар арзиши ҳуқуқӣ надорад ва танҳо моли осорхонаи таърихи муосири Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG