Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонов бо Юнуси Қонунӣ мулоқот кард



Раҳматкарими Давлат



Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муҳаммад Юнуси Қонунӣ, вазири ҳукумати интиқолии Афғонистон авзои Афғонистон ва минтақа, инчунин дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар заминаҳои мухталиф баррасӣ кардаанд.

Юнуси Қонунӣ, ки ҳамчунин мушовири амниятии раиси давлати интиқолии Афғонистон бо изҳори ташаккур аз саҳми Тоҷикистон дар амри бозсозии Афғонистон афзуд: "Меҳвари асосии ин суҳбатҳо тавсиа ва равобити дустона байни ду кишвари ҳамсоя ва ҳамфарҳанг буд. Ва меҳвари дуввуми баҳс ҳам, ҷустуҷу руи истеҳкоми ҳарчӣ бештари сулҳ дар ҳар ду кишвар, Афғонистон ва Тоҷикистон ва меҳвари саввумӣ ҳам ҷилавгирӣ аз трафик ва қочоқи маводи мухаддир ва ҷустуҷуи муборизаи амалӣ ва ҳамаҷониба алайҳи маводи мухаддир, ки мусибати байналмилалӣ ҳаст. Ин се мавзуъ меҳвари асосии гуфтугуи моро ташкил медод."

Юнуси Қонунӣ умдатан заминаи идома ва таҳкими раванди сулҳро дар Афғонистон қабули Қонуни Асосии Афғонистон унвон кард ва гуфт, аз шакли идораи раёсати ҷумҳурӣ дар ояндаи Афгонистон ҷонибдорӣ мекунад.

Оқои Қонунӣ ҳамчунин низоми федеролиро низ барои идораи Афғонистон номувофиқ донист. Тарҳи Қонуни Асосии Афғонистон қарор аст, вақтҳои наздик ба баррасии умумӣ гузошта шавад ва қарор аст, дар аввали моҳи октябр қабул шавад.

Дар мулоқоти Юнуси Қонунӣ бо Эмомалӣ Раҳмонов масъалаи ширкати раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Узбакистон низ баррасӣ шудааст. Нишасти сарони се кишвар ба хотири имзои як санад дар заминаи сохтмон ва кушодани роҳҳо ва ҳамлу нақли муштараки молу коло дар 20 моҳи июн дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон қаблан эълон шуда буд. Бо пешниҳоди ҷониби Афғонистон раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар ин мулоқот ширкат хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG