Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дукони фуруши китобҳои форсӣ-тоҷикӣ дар Маскав ба кор оғоз кард



Муҳаммадраҳими Сайдар

Ташкили дукон ба хотири бароварда сохтани ниёзҳои алоқамандони бешумори адабиёти форсу-тоҷик дар Маскав аст.

Ташкили ғуфраи фуруши адабиёти форсӣ-тоҷикиро дар супермаркети китобфурушии навбунёди Маскав, кормандони мағоза аз навгониҳои фарҳангии пойтахти Русия медонанд. Дар ин ғуфра китобҳои Абуалӣ Сино, Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ, Садриддин Айнӣ, Содиқ Ҳидоят ба фуруш гузошта шудааст.

Фурушандаи ғуфраи адабиёти форсӣ, Марина Епишева мегуяд, харидорон аз фаровонии адабиёти форсӣ дар супермаркети мо ибрози хушҳолӣ мекунанд. Фурушанда ба хабарнигори Радиои Озодӣ 10 намуна рубоиёти Умари Хайёмро нишон дод, ки ҳар кадоми он аз ҷиҳати ороиш ва кайфияти коғазу ҳаҷм яке аз дигаре беҳтар аст. Вай ташреҳ кард, ки интишороти Маскав дар нашри рубоиёти Хайём ба ҳамдигар сабқат мекунанд. Ва танҳо дар ним соли ахир 5 нашр гуногуни Хайём ба ин мағоза расидааст. Марина афзуд, ки дуконии китоби форсӣ зуд-зуд холӣ мешавад.

Ин нуктаро мудири супермаркети китоб Татяна Соболева низ таъйид кард. Вай гуфт, китоби форсӣ, ба вижа рубоиёти Умари Хайём муштарии зиёд дорад, вале мутаасифона ин адабиёт хеле кам нашр мешавад.

Дар ҷараёни суҳбат бо мудири китобфурушӣ маълум шуд, ки худи вай ҳам аз мухлисони Умари Хайём будааст ва ин ихлос собиқаи 40-сола дорад. Татяна Соболева мегуяд, дар овониаш ин фармудаи Умари Хайёмро дастури зиндагии хеш қарор дод, ки инсон мавҷуди шариф аст ва ҳар қадами вай дар зиндагӣ бояд ҳисобӣ ва дониста бошад.

Як нафар аз харидорон, ки худро Ирина муаррифӣ кард, дар ҳоле ки тозатарин нусхаи мунаққаши рубоиёти Хайёмро саҳифагардон мекард, бо фахр иброз дошт, ки дар хонаводааш ҳатто писари хурдсолаш ҳам Хайём мехонад.

Ирина бадоҳатан як рубоии Хайёмро ба русӣ аз бар хонд, ки аслаш ин аст.

Мо луъбатаконему фалак луъбатбоз,

Аз руи ҳақиқат, на аз руи маҷоз.

Бозича намекунем бо наъти вуҷуд,

Афтем ба сандуқи адам як-як боз.

Умари Хайём дар Русия пас аз Александр Пушкин дуввумин суханварест, ки аз дигар адибон бештар нашр мешавад. Ба гуфтаи Татяна Соболева, дар супермаркети навбунёди китобфурушии Маскав ташкил шудани дукони адабиёти форсӣ, ба хотири бароварда сохтани ниёзҳои алоқамандони бешумори адабиёти форсу-тоҷик аст.

XS
SM
MD
LG