Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадшоҳи Масъуд бори дигар ба Душанбе омад



Раҳматкарими Давлат

Аммо на барои дидани ин шаҳр, балки барои он ки ҳамосаи уро мардуми Душанбе бубинад.

Аҳмадшоҳи Масъуд бори дигар ба Душанбе омад, аммо на барои дидани ин шаҳр балки барои он ки ҳамосаи уро мардуми Душанбе бубинад. Намоиши филми Кристоф де Понфилӣ коргардони фаронсавӣ бо номи "Масъуди афғон" дар шаҳри Душанбе тули се руз толори солҳо холии синамои пойтахтро моломол аз мухлисон карда буд.

Паёми филм ба бинанда он аст, ки Аҳмадшоҳи Масъуд дар ибтидо ба унвони як ҷавони навраси муътақиди исломгаро вориди мубориза мешавад, вале тундбоди ҳаводис дар ниҳоят уро ба марди солоре табдил мекунад, ки ба танҳоӣ бори мубориза бо бунёдгароии мазҳабӣ, ифротгароӣ дар кишвараш ва дар минтақаро бар душ мегирад.

Кристоф де Понфилӣ мегуяд: "Ман дар бораи муқовимати афғонҳо бо русҳо филм бардоштаам, аммо филмро ҳам русҳо ва ҳам афғонҳо истиқбол карданд. Ман дунболи инъикоси ҳаводис нарафтам, балки руҳи одамиро ба ҳангоми ҳодиса хостам тасвир кунам. Акнун бо тоҷикон муҳаббат пайдо кардаам ва дар бораи занони тоҷик низ филми мустанаде офаридаам."

Аҳмадшоҳи Масъуд аз муҳаббати мардуми Тоҷикистон сарфи назар аз ин ки дар замони ҷанги дохилӣ дар кадом ҷабҳа карор доштанд, бархурдор буд. У дар сулҳи Тоҷикистон бештар аз дигарон саҳм дошт. Саидамир Зуҳуров муовини сарвазири Тоҷикистон Аҳмадшоҳи Масъудро бештар аз хеле касон мешиносад ва фоҷиаи Афгонистонро низ бо чашмони худ дидааст.

У наметавонад, муҳаббат ва ҳаяҷони худро пинҳон кунад: "Филме буд, ки дар назари ман як бори дигар Аҳмадшоҳи Масъудро зинда кард. Аз номи худам ва аз номи ҳукумати Тоҷикистон ба филмбардорон ташаккур мегуям. Аҳмадшоҳи Масъуд чӣ фикру ақидае, ки дошт ҳамроҳи ман маслиҳат мекард ва маслиҳат мепурсид, агарчанде вай муҳтоҷи маслиҳат ман ҳам набуд. Ва аз сабаби он ки доим ба хонаи ман рафту омад дошт, тамоми фарзандони ман ва аҳли оилаи ман барои вай гиря карданд."

Як далели таваҷҷуҳи тоҷикон ба Аҳмадшоҳи Масъуд ба хотири саҳми беназири у дар расидан ба сулҳи Тоҷикистон аст. Аммо ҳама ин хидмати уро арҷ намегузоранд, бархе аз афроди мухолифин аз у домангиранд, ки онҳоро барои имзои мувофиқатномаи сулҳ бо ҳукумат водор карда буд. Онҳо муътақиданд, ки аз идомаи ҷанг суди бештаре шояд меёфтанд. Аммо онҳоро низ мебинам, ки ба дидани Масъуд омадаанд. Вале дигар Масъуд ба Тоҷикистон фақат аз пушти наворҳо менигарад.

XS
SM
MD
LG