Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе як мусофирбар таркид



Абдуқайюми Қайюмзод



Инфиҷори як микроавтобус субҳи 12 июн дар шаҳри Душанбе дастикам як нафарро кушта ва шаш тани дигарро низ маҷруҳ кард. Ин инфиҷор дар микроавтобуси мусофирбари хати сайри рақами 29 дар наздикии бозори "Саховат"-и пойтахт руй дод.

Ҳабибулло Мунавваров, сухангуи Идораи бозрасии давлатии автомобилии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ин ҳодиса ба иллати инфиҷори капсули кислород яъне балони гази табиӣ, ки аз он ба ҳайси маводи сухт истифода мешавад, рух додааст.

Ҷаноби Мунавваров афзуд, нафаре, ки дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид, Умед Толибови 26-сола сокини ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мебошад. Дар байни афроди маҷруҳшуда се зан аз ҷумла як хонуми рус ва ҳамчунин як ҷавони 16 сола низ буд. Ду нафар зани маҷруҳшуда низ дар ҳолати вахим дар шӯъбаи эҳё ва ё реаниматсияи бемористони Қарияи боло бистарӣ шудаанд.

Бар пояи иттилои Идораи бозрасии давлатии автомобилии вазорати умури дохила, ин саввумин ҳодисаи таркиш бар асари инфиҷори газ дар нақлиёти мусофирбарии навъи микроавтобус аст, ки соли равон дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон рух медиҳад.

XS
SM
MD
LG