Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ФСБ шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт кард



Муҳаммадраҳими Сайдар



Хадамоти амнияти федералии Русия (ФСБ) гуфт, дар ҷараёни амалиёти муштарак бо вазорати умури дохилаи ин кишвар 121 узви созмони мамнуъшудаи "Ҳизб-ут-таҳрир" бо дар Маскав боздошт карданд.

Гуфта мешавад, аксари боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд. Ба гуфтаи манбаъи ФСБ, онҳо аз таҳхонаи ошхонаи пажуҳишгоҳи "Гранит" дар Маскав дастгир шуданд. Ба гуфтаи ФСБ, дар ҷараёни амалиёт Акрам Ҷалолов, шаҳрванди Тоҷикистон ва Алишер Мусоев, шаҳрванди Қирғизистон боздошт шудаанд. Аз Мусоев 100 грамм маводи тарканда, се норинҷак ва варақаҳои таблиғот кашф шуд. Аз Акрамов 400 грамм маводи тарканда, василаи инфиҷор ва 38 варақа мусодира гардидааст.

Ба гуфтаи ФСБ, дар нисбати Мусоев ва Ҷалолов ду нафар роҳбарони бахши "Ҳизб-ут-таҳрир" парвандаи ҷурми ҷиноӣ ифтитоҳ шуд ва бозрасӣ идома дорад, аммо мансубини қаторӣ, ки бидуни регистратсия дар Маскав иқомат доштанд, аз Маскав хориҷ карда хоҳанд шуд. Дар сафоратхонаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Маскав гуфтанд, ки аз воқеаи боздошти шаҳрвандони худ дар пойтахти Русия хабар надоранд.

XS
SM
MD
LG