Пайвандҳои дастрасӣ

Русия қарордод бо Тоҷикистонро тасвиб кард



Салими Аюбзод



Ҳукумати Русия пешнависи қарордодро бо ҳукумати Тоҷикистон роҷеъ ба фаъолиятҳои корӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ҳамдигар маъқул донист. Дар ин бора сарвари ҳукумати Русия Михаил Касянов фармон имзо кард ва ба ҳукумати Русия супориш дод, бо тарафи Тоҷикистон барои имзои ин қарордод гуфтушунид пеш барад.

Санади нав, дар ҳоли имзо шуданаш аз ду тараф ва тасвибаш дар маҷлисҳои қонунгузори Русия ва Тоҷикистон ҳукми қонунро касб карда, бояд аз ҳуқуқи иҷтимоии муҳоҷирони иқтисодӣ ҳимоят кунад. То ҳол Русия дар ин бобат танҳо бо Озорбойҷон чунин созишнома имзо кардааст.

Ба қавли манобеъи гуногун зиёда аз 800 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба ҳайси муҳоҷири иқтисодӣ кору зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG