Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пойгоҳи назорати фазои "Окно" дар Норак



Мирзонабии Холиқзод

Русия соҳиби ин пойгоҳ таъриф мекунад, ки ба ҷуз Амрико дигар ягон кишвари дунё чунин пойгоҳ надорад.

Ба ҳаракати киштиҳои кайҳонӣ дар фазо танҳо аз ду пойгоҳи назорати кайҳонӣ дар ҷаҳон, метавон назорат кард. Яке аз ин пойгоҳҳо "Навстар" ном дошта, дар Амрико ва дигаре дар Тоҷикистон аниқтараш дар Норак дар 55 километрии шаҳри Душанбе насб шудааст, ки он ба неруҳои низомии Русия тааллуқ дорад. Номи он "Окно" ё ба тоҷикӣ "Тиреза" мебошад.

Ба пойгоҳи назорати электронии "Окно" ворид шудан масъалаи ҷиддӣ буда, ба ҳар меҳмон ҳаққи дохил гаштан ба онро намедиҳанд.

Ахиран бахти як гуруҳ хабарнигорони нашрияҳои Русия омад кард ва онҳо барои боздид аз ин пойгоҳи назоратӣ ба шаҳраки неруҳои кайҳонии Русия ба баландии куҳи Санглох даъват шуданд. Барои рузноманигорон аҷиб буд, ки чаро як чизи монанд ба "Табақчаи паррон" дар баландии 2300 метр аз ҳамворзамин фуруд омадааст.

Дар ин манораи нуқрагии кайҳонӣ дастгоҳи электронии назоратӣ пинҳон дошта шудаст, дар он даҳто дурбин ё телескопи 36 тоннагӣ насб шудааст. Ва ин телескопҳо руи риштапардаҳои бо ғафсии 100 микрон хеле нозук ҳаракат мекунанд ва ҳар як дурбин бо манораи оҳанӣ пушонида шуда ва руи манораҳо ба хотири ҳифз аз нурҳои офтоб бо алюминиум обдода шудааст.

Фармондеҳи пойгоҳи назоратии кайҳонӣ Вадим Морозов мегуяд, манораҳои дифоъӣ ин василае аст, ки рутубат ё намӣ ва ё гармиро ба дохил даромадан намемонад. Дар сурати ғайр руи дурбин ё телескоп арақ мекунад ва ба кайфияти кори он зарар мерасонад. Ҳангоми руз низ онро ба кор андохтан мумкин нест, зеро шуъои офтоб ба булури дурбин хатар дорад.

Аз ин ру, афсарони пойгоҳи назоратӣ танҳо шаб ба мисли бум, ба ҷирмҳои кайҳонӣ назорат мекунанд. Дар ин пойгоҳ ду навъи дурбинҳо вуҷуд дорад ки аз яке "близорукӣ" ном мебаранд ва аз навъи дигараш "далнозорки". Близорукиҳо аслан манобеъ ва пойгоҳҳои ҳарбӣро мавриди биниш қарор медиҳанд, ки дар муддати 90 дақиқа як маротиба даври замин гашта то баландии 1000 километро мавриди назорат қарор мидиҳанд.

Ин барои мисол ба пойгоҳҳои назорати кайҳонии КН-11 ва КН-12-и амрикой монанд аст. Дурбинҳо ба осонӣ ҳаракати киштии кайҳонро дар балдандии 20 ҳазор километр мушоҳида мекунанд. Монанд ба пойгоҳи назорати кайҳонии "Навстар"-и Амрико, ки онро дар амалиётҳои низомии ҳавоӣ ва баҳрӣ истифода мекунад.

Аммо навъи дигари дурбинҳо, телескопҳо, ки "Далнозорки" унвон дорад барои кашфи моҳвораҳои ҷосусӣ, ки дар саёраҳо мегарданд, истифода мешаванд. Бо ин дурбинҳо метавон баландии аз 36 то 40 ҳазор километрро назорат кард.

Пойгоҳи назорати кайҳонии "Окно" ба партовҳои кайҳонӣ ба қисмҳои парокандаи киштиҳои кайҳоние, ки дар фазо шикастаанд ё муаллақ мондаанд ва ба ҳартараф ҳаракат мекунанд, назорат мебарад. Ин қисмҳои пароканда метавонанд, ба ҳаракати сафинаҳои кайҳонӣ халал ё ба онҳо осеб расонад.

Аз замони нахустин парвози киштӣ ба кайҳон дар соли 1995 то ҳол ин партобҳо тозаю ҷамъу бартараф нашудаанд. Ва онҳо дар баландии аз 30 то 70 километр ба ҳар су ҳаракат мекунанд. Пас аз он ки "Окно" ҳангоми назорат ҳамаи иттилоъотро ҷамъ овард, онро ба "ЭВМ"-и марказӣ интиқол медиҳад. Сипас хабар, масофа, ҳаҷм ва фосилаи ҳаракати киштӣ ва ё ҳар чизи ношинос дар фазо дақиқан маълум карда мешавад. Баъд аз ин ҷамъи хабарҳо ба Маскав ирсол мешаванд. Ва баъд бо ин хабарҳо чӣ карда мешавад, маълум нест.

Вадим Морозов, сарвари пойгоҳи назорати кайҳонии Норак мегуяд, амрикоиҳо танҳо аз нигоҳи дақиқ намудани нуқтаи ҳаракати ҷисм дар фазо аз мо пеш ҳастанд, вале дар масъалаи тавононии дурбинҳо аз мо ақиб мемонанд. Масалан дар дурбинҳои Амрико миқдори ҷирмҳое, ки дурбини "Окно" нишон медиҳад, дида намешавад. Онҳо чандин дастгоҳ барои назорати кайҳон дар Гавайа, ҷазираи Диего Гарсия, Португалия, Кореяи Ҷанубӣ ва дар Испания наздик ба хати экватор гузоштаанд. Соҳибони ин кишварҳо аз Амрико пули кам намегиранд.

Аммо бо шарофати сиёсати русиягароии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, Русия барои "Окно" ба Тоҷикистон як тин намедиҳад. Дарвоқеъ, дар баландии дигар, ки низомиён онро "нуқтаи 2009" ном мебаранд, бустонсарои зардчатоби дуошёнаи президент Раҳмонов бунёд шудааст. Дар доманаи куҳи Санглох ноҳияи Данғараро мебинем, ки ҷои таввалуди Раҳмонов мебошад.

XS
SM
MD
LG