Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Норушаниҳо дар бархе аз пешниҳодоти вакилони парлумон ба моддаҳои Қонуни Асосӣ



Мирзонабии Холиқзод

Бахши навбатии силсилагуфтори Радиои Озодӣ

"Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни у аз 35 кам набошад, забони давлатиро донад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, метавонад ба номзадии президент пешниҳод гардад."

Ин матни пешниҳоди 37-ум ба моддаи 65-и Қонуни Асосӣ мебошад, ки намояндаи Кумитаи қонунгузории Маҷлиси Намояндагон Абдуманнон Холиқов қироат кард.

Ҳуқуқшиносон ва таҳлилгарони масоили ҳуқуқии Тоҷикистон мегуянд, ҳадафи аслии баргузории референдум ворид кардани иловаҳо ба моддаи 65-уми Конститутсия аст. Зеро бо шуруъи баҳс дар атрофи пешниҳодҳо ҳамин модда мавриди гуфтугуҳои тунду тези намояндагони аҳзоб ва чеҳраҳои сиёсӣ дар дохил ва дар беруни кишвар қарор гирифт.

Дар матни амалкунандаи моддаи 65 гуфта мешавад, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки синни у аз 35 кам ва аз 65 боло набошад, метавонад ба номзадии президент пешниҳод шавад.

Аммо тавре мебинем, дар иловаи депутатҳо маҳдудияти "аз 65 боло" ҳазф шудааст. Чаро? Намояндаи Маҷлиси Намояндагон Абдуманнон Холиқов чунин шарҳ медиҳад: "Дар матн аз синни 35 то 65 буд, акнун пешниҳод шудааст, ки аз 35 боло бошад ва меъёри манъкунандаи синни боло гирифта ва синни 65 хориҷ шудааст. Дигараш он ки забони давлатиро донад ва на камтар аз 10 сол дар ҷумҳурӣ истиқомат дошта бошад, ин меъёрҳо дар матни амалкунанда буданд. Яъне навигарӣ фақат ду чиз аст, яъне калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова шудааст ва калимаи "65-сола" хориҷ карда шудааст, яъне маҳдудияти 65-сола хориҷ карда шудааст."

Барои посухи рушан пайдо намудан дар мавриди ҳазфи маҳдудияти синни 65 ба банди чоруми иловаҳо ба моддаи 65 назар мекунем. Дар он зикр шудааст, калимаҳои "як муҳлат", ки 7 сол мебошад ба "ду муҳлат" иваз карда шавад.

Агар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар соли 1999 мувофиқи ҳамин муқаррароти Қонуни Асосӣ барои як давраи 7-сола интихоб шуда бошад, дар интихоботи оянда президенти мунтахаб метавонад, пас аз анҷоми як давраи 7-сола дар муҳлати дуввуми 7-сола низ вориди рақобат шавад.

Ахиран раиси Ҷумбиши Миллии Тоҷикистон Ҳокимшоҳ Муҳаббатов дар як гузориши худ, ки дар нашрияи интернетии "Евразия" ба нашр расид, гуфт, ҳадафи аслии иловаҳо ба моддаи 65 ва пешниҳодоти дигар ба Қонуни Асосӣ роҳ кушодан ба президент Раҳмонов барои муҳлатҳои оянда дар курсии раёсати ҷумҳур мебошад.

Вай мегуяд: "Агар тағйироте, ки пешбинӣ шудаанд, дар Қонуни Асосӣ ворид шаванд, дар ҳақиқат мо наметавонем гуем, ки дар оянда дар Тоҷикистон хоҳиши сохтани як кишвари шоҳаншоҳӣ ва амириро пеш намегиранд. Ва вазифаи раҳбари аввали кишварро метавонанд, ки ворисӣ ба фарзанду аҷдоди у боқӣ гузоранд."

Тақрибан намояндагони ҳамаи аҳзоби сиёсии кишвар ба истиснои Ҳизби Халқӣ - Демократӣ дар изҳоротҳои худ зикр намуданд, ки иваз намудани як муҳлат ба ду муҳлат ва бардоштани маҳдудияти то синни 65-солагӣ бо амри пинҳони худи президент Раҳмонов сурат гирифтааст ва парлумон онро амалӣ мекунад.

Аммо намояндагони парлумон мегуянд, чунин тағйирот ба он маъно нест, ки ҳатман президент Раҳмонов барои 14 соли дигар дар курсии раиси ҷумҳур бимонад.

Абдуманнон Холиқов мегуяд, дар ин масъала ба Конститутсияҳои кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон пайравӣ шудааст: "Ба ду муҳлат президент метавонад худро пешбарӣ кунад, аммо сухани охирон аз они халқ аст. Халқ касеро хоҳад, ҳамонро интихоб мекунад. Дигар ин ки бояд руирост гуем, гап дар бораи ягон шахсият намеравад. Мо фақат Конститутсияҳои давлатҳои муттарақии дунёро дидем, омухтем ва аксарияти ин Конститутсияҳо муҳлати дудафъагиро, ки пешбинӣ мекард, бинобар ин мо ҳам дар Конститутсияи худ ин меъёрро ҷо кардем."

Масъалаи дигаре, ки вобаста ба ҳамин баҳс ташвиши чеҳраҳои сиёсии тоҷик дар хориҷи кишварро ба бор овардааст, ин аст, ки нафаре, ки мехоҳад номзадии худро дар интихоботҳо пешниҳод кунад, ҳатман шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ва даҳ соли ахир дар ин кишвар ба сар бурда бошад. Намояндаи парлумон Абдуманнон Холиқов муҳим будани ин иловаро таъкид мекунад ва мегуяд: "Яъне шахсе, ки шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, зеро агар мо шаҳрванд гуем, ин маънии васеъ дорад ва онро гуногун фаҳмидан мумкин аст. Аммо дар меъёри нави пешниҳодшуда аниқ карда шудааст, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ва на камтар аз 10 сол дар кишвар истиқомат карда бошад."

Пешниҳодҳои дигар, ба монанди пешниҳоди 38 ба моддаи 67 ва пешниҳоди 39, 40, 41 ва 42 ба моддаҳои 67, 68, 69 ва ба моддаҳои 70 ва 71 чандон ҷиддӣ нестанд ва умдатан аз тасҳеҳоти имлоӣ иборат буда, моҳияти Сарқонунро тағйир намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG