Пайвандҳои дастрасӣ

Сухтор дар Хоруғ 150 нафарро бешуғл гузошт



Файзи Мирҳасан



Соати дувоздаҳи шаби 6 июн дар амбори бозори шаҳри Хоруғ сухтор ба амал омад. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Хоруғ, ин сухтор, ки ба сабаби ба ҳам расидани ноқилҳои барқ ба вуҷуд омад, кулли амволи бозорнишинонро ба коми худ кашид.

Гуфта мешавад, дар асари ин сухтор тоҷирон ба маблағи зиёда аз 30 000 доллар, муодили 90 000 сомонӣ, молу амволашонро аз даст доданд. Кормандони хадамоти оташнишонӣ баъди 1 соат ба маҳалли ҳодиса расида, то субҳ оташро хомуш карданд. Дар ин амалиёт як нафар аз кормандони идораи сухторхомушкунӣ ҷароҳат бардошт.

Сухтор беш аз 150 нафарро, ки ағлаби онҳо занон мебошанд, дар назди бонку шахсони алоҳида қарздор ва аз шуғли доимиашон маҳрум сохт. Бозор то замони ҳануз номаълум баста шудааст.

XS
SM
MD
LG