Пайвандҳои дастрасӣ

Ба бонкҳо 50 миллион доллар ворид шудааст



Раҳматкарими Давлат



Ба дунболи нашри фармони раиси ҷумҳур дар бораи афви молӣ, ба бонкҳои Тоҷикистон беш аз 50 миллион доллар ворид шудааст. Фармони раиси ҷумҳур 12 - уми март содир шуда буд ва ду моҳ барои қонунӣ кардани маблағҳои шаҳрвандони кишвар таъйин гашта буд. Ахиран ин муҳлат барои даҳ рузи дигар тамдид шуд.

Раҳматшо Додихудоев - сухангуи Бонки милли Тоҷикистон - дар бора мегуяд: "Тибқи маълумоти то кунун ҳосилшуда дар даври аввали маъракаи қонунисозии воситаҳои молӣ бештар аз 40 миллион доллар ва ҳудуди 20 миллион сомонӣ ба бонкҳои Тоҷикистон ворид шудааст."

Оқои Додихудоев ҳамчунин афзуд, баъд аз тамдиди замони эътибори фармони раиси ҷумҳур усули пардохти маблағ ва сабти он хеле оддӣ сохта шуд ва маблағҳои ба бонкҳо воридшударо давлат дигар назорат намекунад. Ва шаҳрвандон метавонанд, дар як лаҳза воситаҳои худро қонунӣ карда, ҳамон лаҳза ин маблағҳоро аз бонк хориҷ намоянд ва ба ҳар наҳве бихоҳанд, истифода кунанд. Ҳамчунин маблағҳои қонунишуда дар сурати ба хориҷи кишвар интиқол шудан низ назорат карда намешаванд.

Рузи 11 июн замони ниҳоии барои қонунисозии маблағҳо таъйиншуда ба поён мерасад. Аммо боз ҳам ба назари иқтисоддонон ва ҷомеашиносон афроди зиёде ҳозир нахоҳанд шуд, маблағҳои худро ошкор кунанд. Ин ҳол ба вазъи равонии ҷомеъа ва адами эътимоди мардум ба низомии бонкии кишвар вобаста мебошад.

XS
SM
MD
LG