Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи қатли ду бонкир идома дорад



Искандари Хоҷамирзода



Хабаргузории "Азия Плюс" иттилоъ медиҳад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи вилояти Суғд куштори ду корманди шуъбаи вилоятии "Соҳибкорбонк"-ро таҳқиқ доранд. Ҳар ду куштор дар моҳи май ба вуқӯъ пайвастаанд.

Ибтидо кассири "Соҳибкорбонк" дар даромадгоҳи хонааш дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд аз тири таппончаи навъи Макаров ба қатл расид.

Сипас дар ноҳияи Исфара ҷасади корманди идораи саррофии ҳамин бонк ёфт шуд, ки тибқи хулосаи табибон, аз зарба ба сар ба ҳалокат расидааст.

Муфаттишони парвандаҳо тахмин мекунанд, ки кушторҳо ба ҳам марбут буда метавонанд.

XS
SM
MD
LG