Пайвандҳои дастрасӣ

Депутатҳои тоҷику чех мулоқот карданд



Сафаргул Олимӣ



Иосиф Яржаб, аъзои Кумитаи муносибатҳои байналхалқӣ ва амниятии парлумони Чехия вазъи Афғонистонро нигаронкунанда ном бурд. У ин суханонро ҳангоми мулоқоташ бо Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, ки панҷшанбеи 5 июн баргузор гашт, баён дошт. Ҷонибҳо изҳор доштанд, гарчанд пас аз созмон ёфтани Эътилофи байналмилалии зиддитероризм, вазъ дар Афғонистон беҳбуд ёфта бошад ҳам, ҳануз корҳои зиёде дар ин самт бояд иҷро шавад.

Шералӣ Хайруллоев сенаторони чехро бо вазъи кунунии артиши миллии Тоҷикистон ва вазъи сиёсии Осиёи Марказӣ ошно намуд. Ҷаноби Яржаб ҳамчунин бо мақомоти баландпояи ниҳодҳои қудратӣ ва амниятии Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.

Иосиф Яржаб ҳамчунин бо Сайдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон вохурд. Муҳаммадато Султонов, сухангуи Маҷлиси Олӣ ба радиои Озоди гуфт, ҷонибҳо изҳор намуданд, бояд парлумони ҳар ду кишвар дар ҳалли масъалаҳои бехатарии Осиёи Марказӣ ҳамкориро вусъат бахшанд.

XS
SM
MD
LG