Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи гумонбарони қатли Олимпур оғоз шуд



Абдуқайюми Қайюмзод



Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии парвандаи ҷиноии ду танро шуруъ намуд, ки дар қатли хабарнигорон Муҳиддин Олимпур ва Виктор Никулин муттаҳам дониста мешаванд.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуоти Додгоҳи Олӣ, Аҳтам Тоҳиров ва Нарзибек Давлатов ду нафар аз шаҳрвандони кишвар бо иттиҳоми даст доштан дар қатли Муҳиддин Олимпур собиқ хабарнигори бахши форсии радиои ВВС ва Виктор Никулин собиқ хабарнигори шабакаи сартосарии Русия "ОРТ" муҳокима мешаванд.

Сухангуи Додгоҳи Олӣ аз тафсилоти бештари парванда худдорӣ кард ва гуфт, ки муҳокима таҳти раёсати Маҳмадалӣ Ватанов - муовини аввали раиси Додгоҳи олӣ - ҷараён дорад. Муҳиддин Олимпур дар декабри соли 1995 ва Виктор Никулин дар моҳи феврали соли 1996 аз суи афроди номаълум кушта шуда буданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба манзури ошкор ва дастгир намудани омилони қатли афроди саршиноси кишвар, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он террор шуда буданд, як ситоди муштаракеро аз кормандони вазорати умури дохила ва додситонии кишвар таъсис дод. Оғози соли равон масъулини ситоди мазкур аз боздошти чанде аз омилони ин кушторҳо хабар доданд.

Бар пояи маълумоти ситоди мазкур, яке аз шахсоне, ки дар қатли Муҳиддин Олимпур ва Виктор Никулин муттаҳам хонда мешавад, тибқи дархости Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар Русия аз суи ниҳодҳои интизоми ин кишвар боздошт шудааст. Ҳамин манбаъ меафзояд, ки як нафар аз омилони қатли ин ду хабарнигор узви дастаи Нозим Юнусов аз фармондеҳони оппозитсиюни собиқ буда ва бо дастури бевоситаи Нозим ин террорро анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG