Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намоишгоҳи наққошӣ ва шеър бахшида ба Тоҷикистон дар Маскав



Муҳаммадраҳими Сайдар

Муаллифони намоишгоҳ ду муҳоҷири тоҷикистонии маскуни Маскав, наққош Юрий Вайс ва шоира Марина Некрасова ҳастанд.

Намоишгоҳи муштараки наққошӣ ва шеър бахшида ба Тоҷикистон дар Кохи марказии наққошони Маскав ифтитоҳ шуд. Дар як толори бузург 70 асари наққошӣ ва ҳамин миқдор қитъаъоти шеърӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст. Муаллифони ин намоишгоҳи ҷолиб, ду тан аз муҳоҷирони тоҷикистонии маскуни Маскав наққош Юрий Вайс ва шоира Марина Некрасова ҳастанд.

Юрий Вайс шогирди ҳунаристони рассомии шаҳри Душанбе ва Марина Некрасова, дастпарвари факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон аст. Юрий ва Марина Тоҷикистонро соли 1992 тарк кардаанд, аммо бо ёди Тоҷикистон ба сар мебаранд. Марина мегуяд: "Мо тоҷикем".

Юрий Вайс аз он ифтихор дорад, ки нахсутин намоиши ҳирфаии наққошии худро дар муҳоҷират тавонист, баргузор намояд. Рассом мегуяд: "Даор коргоҳи эҷодии ман ба ғайр аз Тоҷикистон ва Шарқ мавзуи дигар имтиёз надорад. Ифтитоҳи намоишгоҳ барои тоҷикистониёни муқими Маскав маҳфили эҳёи хотироти ширин аз ободиҳои Душанбе буд. Ин ҳолатро Марина ин гуна таъриф кард: "Саҳнаҳои таъсирангез зиёд буд. Ҳозирон дар бораи Душанбе шеър мехонданд ва ашк мерехтанд."

Рафаэл Усмонов аз дигар шогирдони ҳунаристони рассомии шаҳри Душанбе, ки баъдан Донишгоҳи рассомии Суриковро хатм кардааст, дар шумори садҳо тамошобини намоишгоҳи аз тавфиқҳои ҳамдиёрони ҳамкасби худ дар мусофират ибрози хушнудӣ кард. Вай гуфт: "Вижагии намоишгоҳи Юра ва Марина ин аст, ки наққошӣ ва шеър дар канори ҳамдигар мавзуъро такмил кардааст. Ҳар пораи шеър дар ин намоишгоҳ тафсири ҳолатест." Воқеаин ҳамин тавр ҳаст. Дар ҳошияи як тасвир аз як бонуи тоҷик шеъри "Холаи кулобӣ" овезон аст.

Марина тавзеҳ кард, ки холаи Ситора ҳангоми видоъ дар Душанбе ороишҳои нуқраии худро ба ҳайси ёдгор ба вай ҳадя кард. Марина он ҳадяҳоро ҳамвора бо худ доштааст ва ҳамин лаҳза ҳам перояи вай ҳамон ангуштариву дастпонаву гушвору гарданбанди холаи Ситора буд. Намоишгоҳи наққошӣ ва шеъри муҳоҷирони тоҷикистонии муқими Русия дар Кохи наққошони Маскав то 16 июн идома меёбад.

XS
SM
MD
LG