Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду афсари тоҷик муҳокима мешавад



Соҷидаи Мирзо



Додгоҳи низомии Тоҷикистон парвандаи сардори хадамоти тиббии қисми низомии 6593 Пулод Ҳаётов ва фармондеҳи ҳамин бахши низомӣ капитан Гурез Табаровро бо иттиҳоми бемасъулиятӣ дар баробари сарнавишти аскари мариз ба баррасии Додгоҳи ҳарбӣ қарор дод.

Ин ҳарду ба вазъи сиҳатии аскари қаторӣ Махсум Шарофов бепарвоӣ нишон дода, уро дар вақташ ба бемористон интиқол надоданд. Шарофов 21-уми сентябри соли 2002-ум бар асари бемории илтиҳоби шуш аз дунё гузашт.

XS
SM
MD
LG