Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон боздошт шуд?



Абдуқайюми Қайюмзод

Додситони низомии Тоҷикистон мегуяд, Шамсиддин Шамсиддинов ҷиноятҳои вазнин содир кардааст.

Додситонии низомии Тоҷикистон боздошти Шамсиддин Шамсиддинов - муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро - тавассути ин ниҳод таъйид кард. Шариф Қурбонов, додситони низомии Тоҷикистон гуфт, Шамсиддин Шамсиддинов - муовини раиси Ҳизби Наҳзат барои содир намудани ҷиноёти мушаххас боздошт шудааст. Аммо додситони низомии Тоҷикистон аз шарҳи ҷузъиёти бештари қазияи боздошти муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон худдорӣ кард.

У гуфт: "Ман руирост мегуям, ки вай бо санксияи ман ба ҳабс гирифта шудааст. Он кас барои ҷинояти конкретӣ ҳабс шудааст, аммо ман он ҷиноятҳоро ҳоло ба шумо гуфта наметавонам. Ин сирри тафтишот аст ва мо метавонем, онро то як давраи муайян махфӣ нигоҳ дорем."

Аммо аз онҷо ки оқои Шамсиддинов бо дастур яъне санксияи додситони низомӣ боздошт шудааст, ба назари коршиносон имкон дорад у дар содир намудани ҷиноёти вобаста ба боздошти як гуруҳи мусаллаҳ, ки чанде пеш дар вилояти Суғд дастгир шуда буд, шарик дониста шавад.

Шариф Қурбонов, додситони низомии Тоҷикистон ба савол дар ин маврид, ки чаро додситони низомӣ шахси ғайринизомиро боздошт кардааст, таъйид кард, ки Шамсиддинов дар судури ҷиноёт аз суи низомиён шарик аст.

Аммо Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангуи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ин замон додситонии низомӣ ҳизбро дар ҷараёни қазия қарор надодааст ва мақомоти интизомии кишвар низ дархости онҳоро дар робита ба боздошти муовини раиси Ҳизби Наҳзат беҷавоб гузоштаанд.

Ҷаноби Сайфуллозода гуфт, таъйиди боздошти оқои Шамсидиновро аз ҷониби додситонии низомӣ тавассути расонаҳои хориҷӣ шунидааст. Сухангуи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон афзуд: "Ҷаноби Қурбонов гуфтаанд, ки мо Шамсиддиновро на рабудаем, балки боздошт кардаем. Ман шахсан ба ин тарзи ҷавоби ҷаноби прокурор он қадар мувофиқ нестам. Дар қонуни ҷумҳурӣ омадааст, ки ҳар як гумонбаре, ки боздошт мешавад, аз лаҳзаи аввал бояд ки адвокати худро дошта бошад. Аммо мо танҳо аз расонаҳои хориҷӣ фаҳмидем, ки Шамсиддинов дар прокуратураи низомӣ қарор дорад, чӣ гуна у боздошт шудааст, кӣ боздошт кардааст ва чӣ гуна уро овардаанд, чӣ гуна нигоҳ дошта мешавад, касе маълумот надорад." Шамсиддин Шамсиддинов, муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон рузи ҷумъаи 30 май аз ҷониби мақомоти интизомии кишвар боздошт шуд. Оқои Шамсиддинов пас аз иҷозаи фаъолияти дубора пайдо намудани Ҳизби Наҳзат дар соли 1999 ва лағви парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи аҳзоби мухолифи давлат ба вазифаи раиси бахши вилояти ин ҳизб дар Суғд кор кардааст ва соли гузашта муовини раиси ҳизб дар умури фарҳангӣ таъин гардид.

Бар пояи иттилои манобеи ҲНИТ, оқои Шамсиддинов замони ҷанги шаҳрвандӣ аз кишвар берун нарафта ва дар ҳеҷ як гуруҳи низомӣ низ шомил набудааст ва ҳеҷ парвандаи ҷиноӣ низ надоштааст. Назар ба гуфтаи масъулини ҳизб, вай аз бунёдгузорони шуъбаии вилоятии ҲНИТ дар қисмати шимоли кишвар дар авохири солҳои 80 - ум будааст.

Вале мақомоти Додситонии низомии Тоҷикистон мегуянд, танҳо ҷараёни бозҷӯӣ бегуноҳии Шамсиддин Шамсиддиновро собит ё рад хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG