Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини раиси ҲНИТ нопадид шудааст



Раҳматкарими Давлат



Раёсати Ҳизби Наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) аз нопадид шудани муовини раиси ҳизб Шамсуддин Шамсуддинов хабар дод.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангуи раиси ҲНИТ гуфт, Шамсуддин Шамсуддинов ҷумъаи гузашта аз манзили маскуниаш дар Хуҷанд тавассути афроди ношинос рабуда шудааст. Раёсати ҲНИТ зимни пахши як баёния аз мақомоти интизомии Тоҷикистон тақозо кардааст, ки ҷиҳати ошкор кардани авомил ва ҷойи боздошти Шамсуддинов иқдом намоянд.

Ба гуфтаи шоҳидон, омилони боздошт ва ё рабудани оқои Шамсуддиновро намояндагони милисаи шаҳри Чкаловск ҳамроҳӣ доштаанд ва бори охир уро ниқоб ба сар дар фурудгоҳи Хуҷанд дидаанд.

Ҷузъиёти бештари ҳодиса маълум нест. Ва ҳам маълум нест, ки оқои Шамсуддинов аз суи мақомот боздошт шудааст ва ё уро гуруҳи номаълуме рабудааст.

Мақомоти Душанбе дар мавриди рабуда ва ё боздошт шудани Шамсуддин Шамсуддинов изҳори бехабарӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG