Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар роҳи вуруд ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат



Абдуқайюми Қайюмзод

Иқтисодшиносон мегуянд, иқтисоди Тоҷикистон феълан дар сатҳе қарор надорад, ки вуруди он ба ин созмони ҷаҳонӣ ба суди иқтисоди кишвар тамом шавад.

Ворид шудани кишварҳои кучаке ба мисли Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат бар манфиати ин кишварҳо хоҳад буд. Коршиносони масоили иқтисодӣ бар ин назаранд, ки дар сурати қабули узвияти созмони мазкур маҳсулоти кишвар ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ меёбад.

Аз суи дигар корхонаҳои Тоҷикистон мукаллаф мешаванд, маҳсулоташонро ба тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ тавлид кунанд ва ин боиси баланд шудани кайфияти тавлидоташон мегардад.

Ба ақидаи Маъруф Сайфиев - муовини вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар иқтисоди ҷаҳонӣ раванди глобализация идома дорад ва ин раванд тибқи қоидаҳои муқарраркардаи Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат сурат мегирад. Агар Тоҷикистон вориди ин созмон нагардад дар изолятсия ё инзивои иқтисодӣ қарор мегирад. Бинобари ин узвият дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат имкон медиҳад, Тоҷикистон вориди низоми ҷаҳонии иқтисод шавад ва маҳсулоташро ба бозорҳои ҷаҳонӣ бидуни мамониат содир кунад.

Маъруф Сайфиев мегуяд: "Масалан ҳоло барои мо барои фуруши маҳсулоти тестилӣ ба мамлакатҳои Аврупо квота муайян кардагӣ ҳастанд. Ҳангоме ки мо аъзои Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат шудем ин маҳдудиятҳо аз байн мераванд. Ва ин узвият ба ин созмон қудрати содиротии Тоҷикистонро мустаҳкамтар мекунад, зеро дигар кишварҳои аъзо ҳақ нахоҳанд дошт барои мо монеагузорӣ кунанд."

Аммо иқтисоддони тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегуяд, иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳе қарор надорад, ки вуруди он ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ба суди иқтисоди кишвар тамом шавад. Дар сурати ворид шудан ба ин созмон Тоҷикистон маҷбур мешавад, дарвозаҳояшро барои ворид шудани колоҳои хориҷӣ боз намояд. Азбаски корхонаҳои Тоҷикистон бо технологияи ақибмонда ва куҳнаи замони шуравӣ муҷаҳҳаз мебошанд, тавлидоти онҳо наметавонад бо тавлидоти ширкатҳои хориҷӣ рақобат кунад ва Тоҷикистон дар ин сурат комилан побанди иқтисоди кишварҳои хориҷ мегардад.

Дар оянда Тоҷикистон тибқи меъёрҳои ин созмон маҷбур хоҳад шуд, нархи неруи барқ ва сойири меъёрҳои гумрук ва андозашро мутобиқи қоидаҳои Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат бисозад. Аз ин ру ҳангоми қабулу имзои шартнома ҳукумат бояд хеле эҳтиёткор бошад ва шароити иқтисодии хешро мадди назар бигирад ва бахусус аз табақаи нодори кишвар, ки тақрибан 80 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳад, дифоъ кунад.

Ба ақидаи Ҳоҷимуҳаммад Умаров, дар сурати ғайр корхонаҳои саноатӣ дучори нокомӣ ва сатҳи зиндагии мардум поинтар мешавад. Ва чунин ҳолат ба суботи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат асар мегузорад. Тоҷикистон охирин кишвари ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд аст, ки барои қабули узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат омодагӣ мегирад ва аз соли 2002 бад ин су дар созмони мазкур ба ҳайси нозир ширкат дорад.

Барномаи Рушди Байналмиллалии Амрико ва ҳукумати Швейтсария то кунун барои Тоҷикистон аз лиҳози техникӣ ва таҳияи аснод барои шомил шудан ба СҶТ мусоидат кардаанд. Аммо танҳо дар сурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қавонини танзимкунандаи иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва шояд қабули қавонини ҷадид аз суи ниҳодҳои қонунгузори Тоҷикистон шомил шудани ин кишвар ба СҶТ муяссар мегардад.

XS
SM
MD
LG