Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози татбиқи барномаи барчидани минаҳо дар Тоҷикистон



Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Дар қаламрави Тоҷикистон 16 ҳазор мина ҷогузорӣ шудааст.

Татбиқи барномаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва созмони швейтсариягии "Федерейшн Свисс" дар заминаи барчидани минаҳо дар қаламрави Тоҷикистон ибтидои моҳи июл оғоз мегардад.

Марк Жилбер - сарвари маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон мегуяд, ин барнома бо 500 ҳазор евро аз ҷониби САҲА, ҳукумати Канада, Кантони Женева ва чанд созмони дигари Швейтсария маблағгузорӣ шудааст.

У афзуд:"Барчидани минаҳо як кори тулонӣ хоҳад буд, зеро дуюним ҳазор километри мураббаъ, яъне - тақрибан 2 дар сади қаламрави Тоҷикистон минагузорӣ шудааст. Вай гуфт, шумораи минаҳо беш аз 16 ҳазор буда, бар асари таркиши онҳо то ҳануз одамон ба ҳалокат мерасанд.

Ба гуфтаи Дэвид Шмит - афсари барномаи Созмони "Федерейшн Свисс", барчиниши минаҳоро дар минтақаи Тавилдара, водиҳои Рашту Ҳисор гуруҳҳои мутахассисони вазорати дифоъи Тоҷикистон таҳти назорати коршиносони байналмиллалӣ анҷом хоҳанд дод. Ба ҳамин тариқ, дар назар аст поксозии минаҳо танҳо дар дохили қаламрави Тоҷикистон шуруъ шавад. Манотиқи ҷанубу ғарб ва ҷанубу шарқи кишвар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ минагузорӣ шуда буданд.

Дар ибтидои соли 1999 Узбакистон манотиқи марзии худро бо Тоҷикистон минагузорӣ кард, аммо феълан поксозии он дар назар гирифта нашудааст. Тайи тақрибан панҷ сол бар асари таркиши минаҳо дар марз беш аз шаст нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва ҳамин теъдод маҷруҳ шудаанд.

Заробиддин Сироҷов - сухангуи Вазорати дифоъи Тоҷикистон мегуяд:"Минаҷуйони вазорати мудофиа фақат қаламрави Тоҷикистонро аз мина поксозӣ мекунанд. Вале минаҳои марзӣ асосан дар ҳудуди ҷумҳурии Узбакистон гузошта шудаанд, аз ин ру мо ҳаққи барчидани онҳоро надорем. Дар ин бора бояд худи Узбакистон фикр кунад".

Дар ҳамин ҳол Нуралишо Назаров - муовини аввали фармондеҳи нируҳои марзбонии Тоҷикистон, ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, Тоҷикистон дар заминаи барчидани минаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва минаҳои марзӣ як барномаи густурдае таҳия намудааст. Барои татбиқи ин барнома 13 миллион доллари ИМА маблағ зарур аст. Вале дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон чунин маблағро дар ихтиёр надорад.

XS
SM
MD
LG