Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сорос бо мақомоти Тоҷикистон мулоқот кард



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад



Сарватманди накукор Ҷорҷ Сорос - раиси Бунёди Байналмилалии Сорос ва Пажуҳишгоҳи Ҷомеаи Боз зуҳри 30 май ба Душанбе омад ва бо мақомоти Тоҷикистон мулоқот кард.

Вай минҷумла бо нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дидор ва гуфтугу кард. Пас аз анҷоми музокирот ҷаноби Сорос конфронси матбуотӣ орост. Дар ҷавоб ба суоли хабарнигори тоҷик дар мавриди ин ки оқои Сорос вазъи демократисозии ҷомеаро дар Тоҷикистон чӣ гуна дарёфтааст ва чӣ гуна арзёбӣ мекунад, вай гуфт дар Тоҷикистон муддати кутоҳ аст, ки қарор дорад. Вале назар ба он маълумоте, ки дар бораи Тоҷикистон дорад, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ вазъи беҳтаре нисбат ба ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот дорад.

Ҷаноби Сорос изҳори умедворӣ кард, ки ин вазъ дар Тоҷикистон дар оянда низ беҳбуд хоҳад ёфт. Ҷаноби Сорос дар мулоқоташ бо нахуствазири Тоҷикистон мавзуи қабули қонуни нави матбуотро матраҳ намудааст. Вай гуфт, ки ҳамон тарҳи қонуне, ки як комиссия бо мусоидати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо тартиб дода буд, парлумони Тоҷикистон бояд қабул кунад, зеро ин ба нафъи Тоҷикистон ва озодии матбуот дар Тоҷикистон аст. Ин тарҳи қонунро қаблан парлумони Тоҷикистон рад карда буд.

XS
SM
MD
LG