Пайвандҳои дастрасӣ

Минаҳоро аз заминҳои Тавилдара бармечинанд



Салими Аюбзод



Моҳи оянда дар Тоҷикистон маъракаи барчидани минаҳо дар маҳалҳои ҷангҳои собиқ шуруъ мешавад. Дар ин бора ҳукумати Тоҷикистон дар намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе бо созмони швейтсарии "Федерасюн Свисс де Деминеж" созишнома ба имзо расонд.

Марк Жилбер - раиси намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мегуяд, бо истифода аз аввалин бахши кумакҳои байналмиллалӣ дар ҳаҷми 500 ҳазор евро, иҷрои барнома аз ноҳияи Тавилдара оғоз мегардад.

XS
SM
MD
LG