Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ дар бораи вазъи занони кишоварз дар Тоҷикистон



Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ мегуяд, занони кишоварзи тоҷик аз ҷониби сарварони марди хоҷагиҳо мавриди истисмор қарор гирифтаанд.

Сайёра Амирова - зани хатлонӣ, ки дар яке аз хоҷагиҳои пахтакори ин минтақаи Тоҷикистон кор мекунад, ёд надорад бори охирин кай дастмузди худро гирифтааст. Моҳонаи миёнаи вай 10 сомонӣ, баробари тақрибан севу ним доллари Иёлоти Муттаҳида аст, вале ҳар бор бар ивази он хоҷагӣ ба вай собуну шакар, равған ва гоҳе ҳатто шишаҳои холӣ медиҳад.

Сайёра ҷуръат надорад, сабаби инро аз сарвараш бипурсад, то ки мавриди мазаммат қарор ёфта, аз ҷойи кораш маҳрум нагардад. Шавҳари вай панҷ сол қабл барои мардикорӣ ба Русия рафта, акнун маблағи назди ҳамсару фарзандонаш баргаштан намеёбад. Таъмини чаҳор фарзанд бар души як худи Сайёра аст ва пайи дарёфти маблағ дар саҳрои хоҷагӣ аз субҳ то шом каланд мезанад.

Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ дар гузориши худ бо нақл аз зиндагии ин деҳқонзани хатлонӣ - Сайёра Амирова овардааст: 95 дар сади заноне, ки дар Тоҷикистон машғули корҳои кишоварзианд, дар чунин ҳолати сангини беҳуқуқӣ қарор доранд. Онҳо аз ҳуқуқи конститутсионии худ барои кору истироҳат ва маош тақрибан хеҷ огоҳие надоранд.

Дар гузориши пажуҳишгоҳ бо нақли қавл аз Сайёра омадааст:"Сарвари хоҷагиамон мегуяд, кишвари мо дар вазъи буҳронӣ қарор дорад ва мо аз ҳукумат ба хотири ҳамин шароити носозе ҳам, ки бароямон фароҳам овардааст, шукргузор бошем".

Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ - марказаш дар Лондон, гузориши худро тибқи назархоҳие, ки дар ҳамдастӣ бо созмонҳои ғайриҳукуматии "Ситора" ва "Зан ва замин" дар байни 500 занони 8 хоҷагии кишоварзии вилояти Хатлон гузаронидааст, омода кардааст.

Пажуҳишгоҳ доир ба вазъи занони тоҷик менависад: "Аксари занони машғули кори Тоҷикистон аз ҷониби мардон, ки мақоми сарварии ҷойҳои корӣ дар дасти онҳост, мавриди истисмор қарор ёфтаанд. Байни занон ва корхона созишномаи хаттӣ баста намешавад ва дастмузди бонувон хеле ночиз аст."

Тибқи хулосаҳои назархоҳӣ дар байни занони кишоварз, наздик ба панҷяки занони пурсидашуда гуфтаанд, ки дастмузди миёнаи ҳармоҳаи онҳо камтар аз 5 сомонӣ - маоши ҳармоҳаи ҳадди ақал дар Тоҷикистон- аст.

Тоҷикистон аслан як кишвари аграрист, ки қисмати умдаи сокинони он, аз ҷумла - занон дар деҳот ба сар мебаранд ва машғули кишоварзианд. Вале пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ дар гузориши худ муносибат ба занон дар Тоҷикистонро ба бархурди феодалони асримиёнагӣ ба тобеон монанд карда, онро як навъи нави ғуломдорӣ дар замони ҳозира номидааст. Ҳаштод дар сади занони назархоҳишуда гуфтаанд, ки тайи солҳои корӣ боре ҳам ба рухсатӣ набаромадаанд ва аз ҳуқуқи худ, ки гоҳе бо сабабҳои узрнок метавонанд аз кори саҳро озод бошанд, ҳеҷ огоҳӣ ва хабаре надоранд.

Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ дар хулосаи пажуҳиши худ дар бораи вазъи занони кишоварзи тоҷик менависад: "Нисбати онҳо қонуншиканиҳои зиёд сурат мегирад ва ҳуқуқашоон поймол мегардад, вале 60 дар сади бонувон намедонанд аз куҷо ва кӣ додхоҳӣ ҷуянд. 30 дар сади бонувон гуфтаанд, аслан дар Тоҷикистон касе ё ниҳоде қудрати дифоъ аз ҳуқуқи онҳоро надорад.

XS
SM
MD
LG