Пайвандҳои дастрасӣ

Кушта шудани боз як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия



Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Ин бори аввал нест, ки як ҷавони тоҷик аз Русия ба зодгоҳаш даруни тобути оҳанин бармегардад.

Боз як тобут бо ҷасади ҷавони тоҷик - Рустам Бобоеви 28-сола аз Русия ба зодгоҳаш ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд оварда шуд. Ҷавони конибодомӣ дар минтақаи Подмосковйе, қатори шонздаҳ ҳамкорони ғайритоҷикаш зери иншоот монда нобуд шудааст.

Тайи моҳҳои апрелу май ин бори аввал нест, ки ҷавонони мардикори суғдӣ аз Русия даруни тобутҳои оҳанин ба Тоҷикистон бармегарданд. Моҳе пеш чаҳор ҷавон аз деҳаи Пакшифи ноҳияи Масчоҳи Суғдро, ки дар шаҳри Ноябри вилояти Тюмен машғули кору тиҷорат буданд, як дастаи зуровар ва ё "рекет"и рус сузонида ба ҳалокат расонида буд.

Ҳамасола дар Русия садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари лату куби сартарошидахо - скинхедҳо, гуруҳҳои "рекет", гоҳе азобу шиканҷаи пулис ва бемориҳои мухталиф нобуд мешаванд. Ба гуфтаи Раъно Бобоҷонова - як коршиноси мустақил аз Хуҷанд, соли 2002 дар Русия беш аз 600 шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шудаанд. Вале афзуд у, ин теъдод дақиқ нест, зеро муҳоҷирати корӣ ва тартиби будубоши тоҷикон дар қаламрави Руссия то ҳануз танзим нашудааст. Аз ин ру, шумораи куштаву ҳалокшудагон низ аз ҷониби мақомоти марбутаи ҳар ду кишвар аниқ ба қайд гирифта намешавад.

Як қисмати умдаи муҳоҷирини кории тоҷик ба таври ғайрилегалӣ вориди Русия мегарданд ва бе сабти номи муваққатӣ ва макони зисти аниқ ба сар мебаранд. Бино ба гузориши раёсати корҳои дохилаи Урали Миёна, аз оғози соли равон то кунун пулиси ин минтақаи Русия дар қаламрави таҳти назораташ беш аз якуним ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ба далели риоя накардани режими сабти ном боздошт кардааст.

XS
SM
MD
LG