Пайвандҳои дастрасӣ

Чанд хабари фарҳангӣ аз Тоҷикистон



Раҳматкарими Давлат



Дар шаҳри Душанбе ҳафтаи намоиши филмҳои аврупоӣ оғоз шуд. Тули як ҳафта дар хонаи синамои Тоҷикистон филмҳои офаридаи ҳунармандони Фаронса, Юнон, Олмон, Маҷористон ва Лаҳистон ба намоиш гузошта мешавад. Филмҳо дар нусхаи асл, бидуни тарҷума бо ҳамон забоне пахш мешаванд, ки руи навор омадааст. Дар чаҳорчуби ҳафтаи филмҳои аврупоӣ дар Тоҷикистон ҳамчунин қарор аст, ходимони ҳунари як қатор кишварҳои аврупоӣ ба Тоҷикистон биоянд.

Дар пойтахти Тоҷикистон ҳамчунин намоиши филмҳои мустанади вобаста ба ҳуқуқи зан баргузор гардид. Ин намоиш бо ибтикори бунёди Сорос дар Тоҷикистон доир шуд. Дар филмҳои манзуршуда умдатан ҳаёт ва мушкилоти зиндагии занони Қафқоз ва Осиёи Миёна инъикос шудааст.

Омодагии театрҳои Тоҷикистон барои баргузории фестивали "Парасту" анҷом шудааст. Дар ин фестивал тамоми 16 театри касбии Тоҷикистон ва гуруҳи театрии Донишкадаи ҳунарҳои зебои Мирзо Турсунзода ширкат меварзанд. Фестивали мазкур рузи 2 июн дар шаҳри Душанбе оғоз мешавад ва 10 руз идома хоҳад дошт. Театри асосии Тоҷикистон, Театри академии драммавии Лоҳутӣ дар ин озмун бо намоишномаи "Ба куҷо равонаем" ширкат мекунад.

"Ҷаҳон аз нигоҳи Заур Дахте" - номи намоишгоҳи ҳунарии филмбардори тоҷик Заур Дахте мебошад, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин намоишгоҳ филмҳо ва аксҳои Заур Дахте манзури бинандагон гардид. Заур Дахте - филмбардор ва аккоси тоҷик аст, ки дар офаридани филмҳои ҳунарӣ низ саҳм дорад. Дар ин намоишгоҳ қисмате аз филми ҳунарии Камоли Хуҷандӣ, ки Заур Дахте онро наворбардорӣ кардааст, намоиш дода шуд. Филми Камоли Хуҷандӣ кори нотамоми филмсозони тоҷик аст, ки бинобар сабаби камбуди маблағ то поён наворбардории онро натавонистаанд, анҷом диҳанд.

Нахустин романи нависандаи тоҷик Бароти Абдураҳмон бо номи "Дунёи Сабзи Ишқ" тавассути нашриёти "Шарқи Озод" аз дасти чоп баромадааст. "Боғи маънӣ" номи маҷмуъаи Мусавии Гарморудӣ шоири эронист, ки бо интихоби Низом Қосим шоири тоҷик дар Душнабе нашр шудааст.

Рузи панҷшанбе, 29 май дар Театри Камоли Хуҷандӣ, дар шаҳри Хуҷанд, нахустнамоиши спектакли якҷояи коргадонҳои тоҷик Барзуи Абдураззоқ ва фаронсавӣ Кристоф Фетриё баргузор гардид. Ин намоиш бо номи "Як равон, ду ҷаҳон" аз руйи Маснавии Маънавии Ҷалолиддини Балхӣ ва пйесаи "Бозиҳо ва қатлҳо"-и Эжен Йонеско таҳия шудааст.

XS
SM
MD
LG