Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ағбаи Анзоб барои ҳаракати нақлиёт боз шуд



Абдуқайюми Қайюмзод



Роҳи ағбаи Анзоб, ки шимоли кишварро бо марказ мепайвандад, барои рафтуомади мошинҳо боз шудааст. Рузи панҷшанбе, 29 май нахустин корвони мошинҳои ҳомили бор аз Хуҷанд маркази вилояти Суғд тавассути ағбаи мазкур вориди Душанбе пойтахти Тоҷикистон шуд.

Муҳаммадюсуф Шодиев - сухангуи вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, як комиссияи муташаккил аз кормандони вазорати нақлиёт, Идораи бозрасии автомобилии вазорати умури дохила ва идораи ҳавошиносӣ аз ҷараёни поксозии роҳ дар ҳарду қисмати ағба, дидан намуданд.

Ҷаноби Шодиев афзуд: "Барои кушодани роҳҳо дар ин самт корҳо идома доранд. Кормандони идораи роҳсозӣ тавонистанд, дар муҳлати муайянгардида, яъне то 25 май ин роҳро бо ҳам пайваст намоянд.

Муҳаммадюсуф Шодиев ҳамчунин гуфт, то чанд рузи дигар ҳаракати тамоми навъи нақлиёт аз ҷумла нақлиёти мусофирбарӣ низ тавассути ағбаи Анзоб расман иҷоза дода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG