Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон 50 миллион доллар кумак гирифт



Маъсуми Муҳаммадраҷаб



Тоҷикистон тӯли чаҳор моҳи аввали соли равон аз кишварҳои хориҷӣ ба маблағи 50 миллион доллари амрикоӣ кумакҳои башардустона дарёфт кардааст.

Кумитаи омори кишвар мегуяд, тайи ин муддат барои сокинони Тоҷикистон аз 32 кишвари ҷаҳон наздики 100 ҳазор тонна маводи имдодӣ ба монанди орду равған ва шакар ворид шудааст.

Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, беш аз ними кумакҳои башарӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба маблағи зиёда аз 25 миллион доллар расидааст. Кумакҳои имдодии Амрико ба Тоҷикистон дар чаҳормоҳаи сипаришуда дар қиёс бо ёриҳои Русия чаҳордаҳ маротиба зиёд аст. Баъди Иёлоти Муттаҳида - Ҷопон, Куриёи ҷануби ва Чину Олмон дар заминаи расонидани ёриҳои башардустона ба Тоҷикистон саҳми бештаре гирифтаанд.

Дар руйхати кишварҳои кумакрасон номи Қазоқистон, Украина ва Узбакистон низ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG