Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амнести Интернешнл: "Дар Тоҷикистон усулҳои дардовари шиканҷа истифода шудааст"



Нурмуҳаммади Холзода

Хулосаи гузориши солонаи ин созмони ҳуқуқи башар

Созмони "Афви Байналмиллал", ки рузи чоршанбе, 28 май гузориши солонаи худро нашр намуд, мегуяд, ҷанги зиддитеррор, ки сарони Ғарб эълон доштаанд, ҷаҳонро беш аз гузашта хатарноктар кардааст.

"Афви Байналмилал" мегуяд, ҳукуматҳо худро дар паси шиори ҷанг бо терроризм пинҳон намуда, ҳуқуқи инсонро поймол мекунанд, қавонини байналлмиллалро арҷ намегузоранд ва худро аз танқидҳо эмин мегардонанд.

Созмони "Афви Байналмилал" ё "Амнести Интернешенл" як созмони хусусӣ дар Лондон аст. Дар гузориши ин созмон омадааст, дар ҳоле ки таваҷҷуҳи маҳофили байналмилалӣ ба Ироқ нигаронида шудаат, ба нақзи бесобиқаи ҳуқуқ дар кишварҳое аз қабили Колумбия, Бурундӣ, Чеченистон ва Непал камтар таваҷҷуҳ мешавад.

Ирен Хан - дабири "Афви Байналмилал" мегуяд, ки ҳоло мардуми саросари ҷаҳон нисбат ба солҳои поёни "Ҷанги Сард" бештар дар маърази хатар қарор доранд: "Дар давоми 12 моҳи ахир ҷанг алайҳи террор ва ҷанги зидди Ироқ дар дастури рузи сиёсӣ қарор дошт. Ба ҳамин баҳона давлатҳо дар саросари ҷаҳон фишори сиёсиро бештар карданд ва аз он ҳуқуқи башар осеб дид. Усули ҳуқуқи башар, усули қонуни байналмилалии ҳуқуқи башар поймол шуд".

Дар гузориши солона гуфта мешавад, ки дар баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла дар Афғонистону Тоҷикистон, Қазоқистону Узбакистон муҷозоти эъдом ё қатл анҷом гирифтааст. Дар Қирғизистону Арманистон низ ҳукми эъдом содир шудааст, вале мақомот онро ба иҷро нарасондаанд.

Дар ҷараёни ҷангҳо дар Афғонистон беш 600 нафар боздошт шуда ва ҳоло дар пойгоҳи Гуантанамо нигаҳдорӣ мешаванд. Дар дохили худи Афғонистон зиндониёнро азобу шиканҷа медиҳанд ва онҳоро дар шароити тоқатфарсо нигаҳ медоранд.

Дар 27 кишвари дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ҳангоми боздошт ва ё бозпурсӣ нируҳои интизомӣ азобу шиканҷа, ҳатто усули дардовари шиканҷаро истифода кардаанд, ки хилофи қавонини байналмилалист.

Дар гузориши солонаи "Амнести Интернешенл" Тоҷикистон ҳамчунин дар гуруҳи кишварҳое ном бурда мешавад, ки паноҳандагони сиёсиро бо вуҷуди хатар, иҷборан ба кишварашон фиристодааст. Олмону Русия ва Қазоқистону Қирғизистон низ ба ин гуруҳ шомил мешаванд.

XS
SM
MD
LG