Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе боз бе гази табиӣ монд



Раҳматкарими Давлат



Интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистон хусусан шаҳри Душанбе пойтахти ин кишвар рузи чоршанбеи 28 май қатъ шуд. Мақомоти ширкати Тоҷикгаз гуфтанд, интиқоли гази табиӣ ба далели рух додани садама дар лулаи аслии газгузар қатъ шудааст. Аҳмад Идиев - ёвари мудири кулли Ширкати Тоҷикгаз гуфт, корҳои таъмир ва барқароркунии лулаи газ оғоз шудааст.

Қатъ шудани интиқоли гази табиӣ боиси кундии фаъолияти муасиссоте гаштааст, ки аз гази табиӣ истифода мекунанд. Хусусан камбуди гази табиӣ ба ҳаракати нақлиёти мусофирбар дар дохили шаҳри Душанбе таъсири чашмгир гузошта ва масъалаи ҳамлу нақли сокинонро ба мушкил дучор кардааст.

Аз ибтидои соли равон то кунун ин бори чаҳорум аст, ки ба далели садама дар лулаи газ ба гуфтаи масъулон, интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистон қатъ мешавад.

XS
SM
MD
LG