Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи фақрзудоӣ бо гузашти як сол чӣ натиҷа додааст?



Раҳматкарими Давлат

Ҳаштод дар сади мардуми ҷумҳурӣ ҳамчунон дар зери хатти фақр ба сар мебарад.

Бо вуҷуди сипарӣ шудани як сол аз қабули Барномаи давлатии фақрзудоӣ дар Тоҷикистон, ин кишвар яке аз кишварҳои фақиртарини ҷаҳон боқӣ мондааст. Улуғбег Қаюмов - сардори Идораи назорат бар иҷрои барномаи фақрзудоӣ дар Тоҷикистон, ки дар маҳфиле бо намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ суҳбат мекард гуфт: "Ҳаштод дар сади мардуми ҷумҳурӣ ҳамчунон дар зери хатти фақр ба сар мебарад."

Ба гуфтаи оқои Қаюмов, Тоҷикистон дар чаҳорчуби ин барнома танҳо тавонистааст, муҳлати бозпардохти қарзҳои хориҷии худро тамдид кунад ва ё наҳваи пардохти ин қарзҳоро тағйир диҳад.

Зимни ин нишаст намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ хостори ҳамкории давлат дар амалисозии Барномаи фақрзудоӣ дар Тоҷикистон шуданд. Намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ гуфтанд, ҳукумат дар таҳияи барномаи мазкур аз нируи онҳо истифода кардааст, аммо дар амалисозии ин барнома онҳоро ҷалб намекунад.

Ҳуриниссо Ғаффорзода намояндаи ташкилоти Коунтерпарти Тоҷикистон мегуяд: "Фикр мекунам, дар оянда ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки аз таҷрибаи бойи ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоте, ки ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар тамоми Тоҷикистон доранд истифода барад ва пешниҳодҳои онҳоро ба назар гирад."

Ба назари намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба ҳадафи иҷрои Барномаи фақрзудоӣ бояд Қонуни андози Тоҷикистон тағйир дода шавад ва мизони андоз аз даромад коҳиш дода шавад, то корхонаҳо битавонанд ҳуқуқи моҳонаи кормандони худро афзоиш диҳанд.

Намояндаи ташкилоти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон гуфт, афзоиши нархи фуруши нируи барқ, газ ва об ба аҳолӣ ба принсипи мафҳуми давлати иҷтимоии Тоҷикистонро зери суол қарор медиҳад. Зеро дар Қонуни Асосӣ Тоҷикистон чун давлати иҷтимоӣ эълом шудааст. Барои ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ аз афзоиши нархи хадамоти шаҳрӣ 12 миллион сомонӣ аз буҷаи давлат пешбинӣ шудааст, дар ҳоле ки барои иҷрои барномаи ҳимояи иҷтимоӣ ва ҷубронпулӣ 75 миллион сомонӣ зарур аст.

Ба назари намояндагони ҳукумат ва ширкаткунандагони ин нишаст иҷрои барномаи фақрзудоӣ дар Тоҷикистон дар сурате, ки кишварҳо ва созмонҳои ваъдасупурда 900 миллион долари ваъдагиро ба ин кишвар надиҳанд, баъид ба назар мерасад.

XS
SM
MD
LG