Пайвандҳои дастрасӣ

Соҳибкорони Душанбе Шурои ҳамоҳангсоз таъсис доданд



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад

Ҳадаф аз таъсиси ин шуро ба ҳамдигар пайванд додани фаъолиятҳои созмонҳои ғайридавлатӣ, муассисоти соҳибкорӣ ва идороти давлатӣ мебошад.

Нишасти соҳибкорон, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмиллаливу ғайридавлатӣ дар шаҳри Душанбе, рузи 27 май бо имзои тавофуқнома миёни ин ниҳодҳо ва таъсиси Шурои ҳамоҳангсоз анҷомид.

Ин нишаст, ки таҳти шиори "ҳамкории иҷтимоиву иқтисодӣ баҳри рушди устувори пойтахт" баргузор шуд ба ибтикори ҳукумати шаҳри Душанбе ва мусоидати Барномаи рушди байналмиллалии Амрико сурат мегирад. Ҳадаф аз баргузории ин нишаст ба ҳамдигар пайванд додани фаъолиятҳои созмонҳои ғайридавлатӣ, муассисоти соҳибкорӣ ва идороти давлатӣ барои кашф ва ҳалли мубрамтарин масоили иҷтимоиву иқтисодии шаҳр буд.

Раиси ҳукумати шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки ин нишастро ифтитоҳ намуд, ҳозиринро ба ҳамкорӣ бо ҳукумати шаҳр барои эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кард.

Намояндаи барномаи рушди байналмиллалии ИМА Майкл Ҳарвӣ, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, ин ҳамойишро муҳим тависф кард ва гуфт: "То кунун бо мусоидати молии созмони мо теъдоди зиёде аз созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон грантҳо дарёфт кардаанд ва барои рушди бизнеси хурд ин муассисаи Иёлоти Муттаҳида қарзҳои хурдро аз тариқи созмони ғайриҳукуматии Прагма ба тоҷирони хурд тавзеъ кардааст."

Аммо баъзе аз иштирокдорони ин нишаст ба хусус бахши саввуми ҷомеа, ки созмонҳои ғайриҳукуматӣ шомили он ҳастанд аз саду монеаҳое, ки ниҳодҳои давлатӣ барояшон эҷод мекунанд бо эҳтиёт суҳбат карданд. Ва дар ҳузури иштирокдорон раиси шаҳри Душанбе ба яке манзил барои дафтар таъйин кард, ба раиси бонки Душанбе дастур дод, барои созмони ғайриҳукуматии "Шафқат", ки барномаеро барои тарбияи ашхоси гунгу кар амалӣ мекунад, 2500 сомонӣ тахсис бидиҳад ва наздик буд ҷаласа ба рузи шунидани шикоёт аз суи шаҳрдори Душанбе табдил ёбад.

Ҳам намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ҳам соҳибкорон зарурати такмили қавонини кишварро барои рушди соҳибкорӣ ва фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ таъкид намуданд.

Қарор аст, Шурои ҳамоҳангсози соҳибкорон, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ниҳодҳои давлатӣ, ки бо пешниҳоди иштирокдорони ин нишаст, онро ҷаноби Убайдллоев сарварӣ хоҳад кард, ба сурати доимӣ ҳамкориҳои ин ниҳодҳоро идора кунад.

XS
SM
MD
LG