Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Русия як муҳоҷири тоҷикро кушт



Муҳаммадраҳими Сайдар



Тайи як ҳамла ба 20 муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Митишии вилояти Маскав, ҳашт тан пулис дар талаби пул як нафарро куштанд ва 5 каси дигарро захмӣ карданд.

Сафорати Тоҷикистон ва намояндаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон 27 май хабар дод, ки ин воқеа панҷшанбеи ахир рух дод. Ба гуфтаи шоҳидон, Собирҷон Шарифови 22-сола бар асари зарбаҳои расида, ҷон дода, 19 нафари дигар захмӣ шуданд, ки ҳоли 5 тани онҳо сангин аст.

Муовини додситонии шаҳри Митишӣ Андрей Полуэктов гуфт, ки дар робита ба ҳамла болои муҳоҷирони тоҷик, парвандаи ҷиной боз шудааст: "Парвандаи ҷурми ҷиноӣ бо моддаи 286-и Қонуни ҷиноии Русия, суистифода аз мақом истифода шудааст ва бозрасӣ идома дорад, вале ҳануз касе дар ин робита боздошт нашудааст. Вай кушта шудани Собрҷон Шарифовро дар ин моҷаро зери суол гузошт, аммо Ҷурахон Бурҳонов - раиси консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт: "Агар дахл намедошт (марги Шарифов) нисбати кормандони полис делои ҷиноятӣ боз намекарданд".

Ҳамзамон дар шаҳри Екатеринбруг як ҷамоаи 200 нафарии ҷавонон ба муҳоҷирон дар бозори шаҳр ҳамла бурда, дуконҳои тоҷиконро хароб карданд. Дар бораи талафоти ҷонӣ ва захмиён хабаре нест, аммо гуфта шудааст, мужикҳо бо сангу чуб мусаллаҳ шуда, ҳамаи онҳоеро, ки ранги пусти тира доштанд, кубиданд. Дар ин бора рузномаи "Труд"-и чопи Маскав хабар дод. Ҳамзамон рузномаи "Независимая Газета"-и чопи Маскав, бо ишора ба ташдиди хуруҷҳои скинхедҳо навишт: " Русияро мавқеи душманӣ бо муҳоҷирон фаро гирифтааст ва дар ин амр мақомоти кишвар даст доранд". Бино ба оморҳо, аз дасти скинхедҳо ва дигар гуруҳҳои ҷиноӣ тайи даҳ соли ахир дар Русия зиёда аз 800 муҳоҷири тоҷик кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG