Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонов бо Квасниевский мулоқот кард



Салими Аюбзод



Тоҷикистон ва Лаҳистон дар бобати бунёд ва таҳкими равобити дустона ва ҳамкориҳои дарозмуддат ба созиш расиданд. Ин санадро рузи сешанбе, 27 май дар Варшава президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва президенти Лаҳистон Александр Квасниевский имзо карданд. Ҳамчунин ҳайъатҳои ду ҷониб як силсила қарордодҳоро дар мавриди коршарикии ду кишвар дар риштаҳои гуногун қабул карданд.

Дар бораи гуфтушунидҳо ва маросими имзо дар Варшава корманди дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Абдумаҷид Усмонов ба Радиои Озодӣ гуфт: "Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва президенти Лаҳистон Александр Квасниевский ба Эъломия дар бораи таҳкими муносибатҳои дустона ва ҳамкории миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Полша имзо гузоштанд. Сипас вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров ва муовини вазири корҳои хориҷии Полша Анжей Заубетский созишномаи байниҳукуматӣ дар соҳаи фарҳанг, маориф ва илмро имзо карданд. Ҳамчунин вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва муовини аввали вазири корҳои дохилии Полша созишнома оид ба мубориза бо ҷинояткориро ба имзо расониданд. Дар ин ҷо ҳамчунин созишнома дар мавриди канорагирӣ аз андозбандии дукарата имзо шуд."

Дар идомаи сафари ҳайъати давлатии Тоҷикистон дар Лаҳистон, раиси ҷумҳур Раҳмонов дар Сейм -- маҷлиси қонунгузори Лаҳистон суханронӣ кард.

XS
SM
MD
LG