Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16 афсари тоҷик дар Русия омузиш мегирад



Салими Аюбзод



Дар соли 2003 артиши Тоҷикистон ба омузишгоҳҳои ҳарбии Русия шаш мартаба камтар донишҷу мефиристад. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" ба нақл аз вазорати дифоъи Тоҷикистон хабар дод. Дар ҳоле ки солона Тоҷикистон 100 афсари худро ба донишкадаҳои ҳарбии Русия мефиристод, имсол ҳамагӣ 16 нафар соҳиби чунин роҳхат хоҳанд шуд.

Дар робита ба сабабҳои ин қарор сухангуи вазорати дифоъ Заробиддин Сироҷев ба Радиои Озодӣ гуфт: "Артиши Тоҷикистон 10-сола шуд ва соли 11-ум аст фаъолият мекунад. Ва Тоҷикистон наметавонад, ки ҳамасолу ҳамавақт мутахассисони низомии худро дар хориҷи кишвар омода кунад. Дар Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб Коллеҷи олии низомӣ фаъолият мекунад. Соли гузашта дар заминаи ин коллеҷ Донишгоҳи низомии Тоҷикистон ташкил ёфт ва сиёсати имрузаи роҳбарияти вазорати дифоъи Тоҷикистон ин аст, ки ба тадриҷ шароити зарурии таълимиро дар худи Тоҷикистон омода кунанд, то ин ки афсарон дар ҳамин ҷо омода карда шаванд.

Сабаби дигар ин аст, ки омода кардани афсарон дар хориҷи кишвар хароҷоти зиёд дорад. Як сабаби дигар ин аст, ки дар шароити имруза Тоҷикистон мутахассисони худро дар дигар кишварҳои хориҷ, ба мисли Чин омода мекунад ва аз имсол сар карда, 40 нафар ба Ҳиндустон мефиристем. Солҳои оянда дар назар аст, ки ба Фаронса ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фиристем. Кумаки ин кишварҳо ба мо ройгон аст, аммо омузиши афсарони мо дар Русия ройгон нест, ҳарчанд дар ҷаласаи Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ қарор шуд, ки мутахассисони кишварҳои узв дар Русия ба таври имтиёзӣ омода карда шаванд."

XS
SM
MD
LG