Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусоҳиба бо фиристодаи хоси раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Осиёи Марказӣ Мартӣ Аҳтисаарӣ



Искандари Хоҷа Мирзода

Аз Мартӣ Аҳтисаарӣ нахуст пурсида шуд, ки сафари худро дар Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунад.

Мартӣ Аҳтисаарӣ: "Қабл аз ҳама бояд шарҳ диҳам, ки бо чӣ салоҳияте ман ба Осиёи Марказӣ омадаам. Вазири умури хориҷаи Ҳолланд, ки раёсати даврии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро (САҲА) бар душ дорад, аз ман дархост кард, ки дар раҳбарии умури САҲА дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ӯ кумак расонам. Ин дуюм боздиди ман аз Тоҷикистон аст. Ман дар моҳи март бори аввал ба ин ҷо омада будам. Ва то охири сол боз як бори дигар ба минтақа хоҳам омад. Ҳамин тариқ, ин идомаи баҳсҳо буд, ва дар ҳақиқат мо барномаи ислоҳотеро баррасӣ намудем, ки ҳукумат онҳоро татбиқ мекунад.

Дар байни сафарҳоям дар ин ҷо пешрафте ба вуқуъ пайвастааст ва агар ҳукумат ислоҳотро идома диҳад, САҲА низ кумакҳои худро тавсиа мебахшад. Дар суҳбат бо президент Раҳмонов мо ҳамкориҳои минтақавиро арзёбӣ кардем. Муҳим аст, мо вазъеро ба вуҷуд орем, ки он равуои озоди мардум, хадамот, пул ва ашёро дар минтақа таъмин намояд. Ҳамчунин дар марз мушкили минаҳо ҷо дорад. Ин соҳаҳое мебошанд, ки САҲА дар онҳо таваҷҷуҳи хос дорад ва дар якҷоягӣ бо ҳукумат барномаи хунсо кардани майдонҳои минаро пеш мебарад.

Ман инчунин бо муовини сарвазир Саидамир Зуҳуров вохурдам. Ин аввалин мулоқот бо у буд. Ва ман мулоқотро хеле ҳам муфид дарёфтам. Мо масъалаи созмонҳои ғайридавлатӣ ва аққаллиятҳоро баррасӣ кардем. Сипас рузи якшанбе, 25 май дар суҳбат бо раиси Маҷлиси Миллӣ ман аз Маҳмадсаид Убайдуллоев даъват кардам, ки ҷумҳурӣ таъхир ё худ моратории иҷрои ҳукми қатлро эълон кунад. Ин қадами аввал ва хеле муҳим хоҳад буд ва он ба ҳукумат вақт медиҳад, ки шароити муносиберо барои комилан аз байн бурдани ҳукми эъдом ба амал орад."

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Мартӣ Аҳтисаарӣ. Мо ҳам хабар дорем, ки САҲА дар дастгирии матбуоти озод ва ислоҳи Кодекси ҷиноӣ ва маъмурии ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми фаъол дорад. Ҳамчунин САҲА 200 ҳазор доллар барои аз бурдани майдонҳои мина дар марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон ҷудо кардааст. Аммо агар мо ҳамин масъалаи майдонҳои минаро мадди назар гирем, ин майдонҳо бо кушиши худи кишварҳои минтақа танзим шудаанд. Ба фикри Шумо чӣ бояд кард, ки кишварҳо дар байни ҳамдигар майдонҳои мина эҷод накунанд?

Мартӣ Аҳтисаарӣ: "Ман сафари худро аз Қирғизистон шуруъ намуда, сипас ба Узбакистон рафтам, ҳоло дар Тоҷикистон мебошаму субҳи рузи душанбе озими Туркманистон хоҳам шуд. Албатта иҷрои ин амал ба вақт ниёз дорад. Ман аз Аврупо, аз минтақаи Карпат мисол оварда метавонам. Дар тӯли даҳ соли гузашта "Хазинаи Карпат" бо муваффақият ҳамкориҳои минтақавиро дар байни кишварҳои ин қисмати Аврупо пеш мебарад. Аз гушаҳои дигари олам низ мисоли зиёде овардан мумкин аст, ки дар ҳамроҳӣ барои мардум пушти сар кардани душвориҳо осонтар аст ва ҳар кас фоидаи бештаре ба даст меорад. Ҳамин тариқ масъалаҳои зиёде бояд ҳаллу фасл шаванд. Ва ба фикрам дар рӯйхати масъалаҳои муҳимтарини ҳамкории кишварҳои минтақа масъалаҳои иқтисодӣ ва мушкилиҳои марбут бо тараққии иқтисод мебошанд."

XS
SM
MD
LG