Пайвандҳои дастрасӣ

Садои занги охирин садои ҷавонони бекори кишвар низ мебошад



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад

Имсол 200 ҳазор ҷавони тоҷик мактабро хатм мекунад ва ба гуфтаи таҳлилгарон ба сафи урдуи бекорон мепайвандад.

Занги охирин дар мактабҳои Тоҷикистон, ки дар поёни соли таҳсил садо дод, ба як ҷашни бузурги хатмкунандагон табдил ёфт. Баъд аз садо додани ин занг, назар ба маълумоти вазорати маорифи Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷавонон по ба арсаи зиндагии нав мениҳанд. Аз ин ҷумла ҳудуди 60 ҳазор нафар синфи 11 ва беш аз 140 ҳазор нафар синфи нуҳро хатм кардаанд.

Аммо назар ба пешгуиҳои таҳлилгарон, аксари хатмкунандагон шомили сафи бекорон мешаванд, зеро иқтисоди хонаводагии онҳо иҷозат намедиҳад, таҳсилро дар донишгоҳу донишкадаҳо идома диҳанд. Яке аз духтарони хатмкардаи мактаб дар ин маврид мегуяд: "Ман мехоҳам соҳиби ягон касб шавам. Ман аллакай ҳунари дузандагиро омухтам, то зиндагиамро пеш барам." Аммо то замони аз ҳисоби дузандагӣ зиндагӣ кардани ин духтарак, ин гуфтаҳои вай танҳо орзуст.

Вале ҷавононе, ки шомили донишгоҳ намешаванд, ё роҳи мардикорӣ дар Тоҷикистон ва ё роҳи Русияро пеш мегиранд. Имруз дар бозорҳои гуногуни шаҳри Душанбе нуктаҳои махсусе вуҷуд дорад, ки дар он ҷо мардикорон ҷамъ мешаванд ва интизори харидорони неруи бозуяшон менишинанд. Аксари ин мардикорон ҷавононанд. Як ҷавони мардикор, ки худашро Муҳаммадсафари Туразод муаррифӣ намуд, ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, сафҳои мо ҳар руз дар афзоиш аст. Вай афзуд: "Руз то руз сафи мо зиёд шуда истодааст. Баъд дар ин бозор ин хел аст, ки кормандони орган намемонанд бачаҳо истанду кор ёбанд ва кор раванд. Мо на ғоратгар ҳастем ва на дузд."

Ин ҷавонон мегуянд, мо ҳуқуқи худамонро намедонем ва дар баъзе авқот кордиҳандагон моро фиреб медиҳанд ва пуламонро намедиҳанд. Як ҷавони тануманд, ки гуфт номаш Ҳасан Қараев мебошад, ба гуфтаҳои шарикаш чунин илова кард: "Аз даруни ҳавз мазути ғафсро мебурӣ ва дасти ба даст онро ба мошин бор мекунӣ. Рузи боронӣ ва моҳи шарифи Рамазон буд, моҳи ҳамин корро дар хунукӣ кардем, ба мо як тин надоданд, ҳарчанд ваъда карда будан, ки 25 сомонигӣ медиҳем."

Тураев мегуяд, дар байни мо онҳое, ки ба тозагӣ донишҷу шуданд низ ҳастанд ва меафзояд: "Ин ҳамин ҷо бачаҳои студент ҳастанд. Меоянд, кор мекунанд. Онҳо ҳам барои либосу ҳам барои роҳкиро кор мекунанд, онҳо дигар роҳ надоранд ва маҷбуранд муздурӣ кунанд. Падару модарони онҳо дар қишлоқ имкон надоранд, ин донишҷӯёнро таъмин намоянд"

Аксари ин ҷавонони мардикор мегуянд, мо маблағ барои хариди билети ҳавопаймо ва қатора надорем, вагарна мо низ чун дигар ҳамсину солҳои худ ба хориҷи кишвар ба Русия мерафтем.

Мақомоти Тоҷикистон мегуянд, мизони бекорӣ дар миёни ашхоси тавонманд ба кор, ҳудуди 30 дарсадро ташкил медиҳад. Вале таҳлилгарон ба ин назаранд, ки арқоми давлат воқеиятро бозтоб намедиҳад, зеро танҳо наздики 1 миллион нафар бекорон барои дарёфти кор ба хориҷ, умдатан ба Русия рафтаанд ва солона дар ҳудуди 500 миллион то 1 миллиарду 200 миллион доллар ба кишвар ворид мекунанд.

Назар ба гуфтаи коршиносон, аз теъдоди умумии хатмкунандагони макотиб беш аз 120 ҳазор хатмкунандагон писарон мебошанд ва солона наздики 20 ҳазор нафари онҳо шомили донишгоҳҳову донишкадаҳо мешаванд ва боқимонда шомили урдуи бекорон мегарданд ва сафи мардикорони бозори корро дар кишвар ва муҳоҷирини кориро ба Русия афзоиш медиҳанд. Бинобар ин ҷавонони бекор аз ҳукумат чунин тақозо мекунанд: "Ба доди мо бирасанд. Ба ҳамин саволи мо ягон ҷавоби аниқбиёбанд, барои ки руз то руз тавре шумо низ мебинед, сафи мо зиёд мешавад, кам не."

Аз ин ру, мегуянд таҳлилгарон садои занги охирин садои ҷавонони бекори кишвар низ мебошад.

XS
SM
MD
LG