Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷуи сарбози фирории тоҷик идома дорад



Абдуқайюми Қайюмзод



Рузи душанбе, 26 май Додситонии низомии Тоҷикистон хабари боздошти Хуршед Мустафоев - яке аз ду сарбози фирории қисми низомии нируҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷакентро тасдиқ кард.

Шариф Қурбонов - додситони низомии Тоҷикистон гуфт, ду сарбози мусаллаҳи қисми низомии 2115-и Кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон, сокинони деҳаи Қирқарчаи ноҳияи Панҷакент, шоми 23 май аз маҳалли хидмат фирор мекунанд. Сарбозони фирорӣ ба манзили зисти ду тан аз ҳамдеҳагонашон ҳамла оварда, бо автомат се нафарро маҷруҳ ва Парвиз Маҳмудови 15-соларо ба қатл мерасонанд.

Шариф Қурбонов гуфт, ҳангоми боздошти Хуршед Мустафоев - яке аз сарбозони фирорӣ аз у 6 адад автомати Калашников ва як адад пулемёт мусодира шудааст.

Тибқи иттилои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, барои боздошти сарбози дуввуми фирории муссалаҳи қисми низомии 2115-и Кумитаи ҳифзи сарҳадот, нируҳои иловагӣ аз маркази вилояти Суғд сафарбар шудааст.

Абдураҳим Қаҳҳоров - муовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар ин бора чунин гуфт: "Ҳайати шахсии гарнизони вилояти Суғд сафарбар шудааст. Дар ноҳияи Панҷакент ва ноҳияҳои атрофи он неруҳо сафарбар шудаанд, отрядҳои махсус дорем, ки онҳо ҳам барои ин кор равона шуданд."

Бар пояи маълумоти расида, вазъи афроди бар асари тирандозӣ маҷруҳшуда, ки дар бемористони марказии ноҳияи Панҷакент бистарӣ шудаанд, вазнин мебошад.

Додситони низомии Тоҷикистон гуфт, ба манзури баррасии қазияи мазкур як комиссияи муштарак аз намояндагони додситонии низомӣ, кумитаи марзбонӣ ва ниҳодҳои амниятии вилояти Суғд таъсис ва ба ҷои ҳодиса фиристода шудааст.

XS
SM
MD
LG