Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон истеҳсоли алюминийро зиёд кард



Тоҳири Сафар



Корхонаи арзиз ё алюмини Тоҷикистон, ки манбаи аслии даромади ин кишвар маҳсуб мешавад, тайи 4 моҳи гузашта 102 ҳазору 500 тонна алюмин фурухтааст, ки дар қиёс ҳамин давраи соли гузашта беш аз 2 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Ба иттиллои Кумитаи омори Тоҷикистон, дар маҷмуъ содироти алюминий дар ин муддат 2 фоиз афзуда, ба 135 миллион доллар расидааст. Алюминий ва пахта 78 фоизи таркиби тамоми содироти Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Аз оғози соли равон то кунун беш аз 48 фоизи маҳсулоти корхонаи арзизи Тоҷикистонро Туркия ва беш 36 фоизи онро Голландия харидорӣ кардаанд.

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG