Пайвандҳои дастрасӣ

Ду сарбоз як сокини Панҷакентро куштанд



Мирзои Салимпур



Мақомоти Кумитаи марзбонии Тоҷикистон 23 май хабар доданд, ки ду сарбози мусаллаҳи нируҳои марзбонӣ шоми чоршанбе ба панҷшанбе аз қисми низомии воқеъ дар наздикии шаҳри Панҷакент, 200-километрии шимоли Душанбе фирор карданд. Бино бар хабарҳои расида, онҳо як сокини маҳаллиро кушта ва се нафари дигарро захмӣ кардаанд. Қисми низомии мазкур дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон воқеъ аст.

Хабаргузории "Ассошиейтед Пресс" аз қавли манобеъаш дар кумитаи марзбонӣ навиштааст, ки рузи панҷшанбе боздошти як тан аз сарбозони фироркарда муяссар шудааст. Як манбаъ дар ин кумита хабари фирори сарбозонро ба Радиёи Озодӣ низ таъйид кард ва гуфт, як ҳайъат таҳти раҳбарии муовини аввали раиси кумитаи марзбонӣ генрал Нуралишо Назаров ба хотири пажуҳиши заминаҳои ин ҳодиса ба Панҷакент рафтааст.

XS
SM
MD
LG