Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқи инсон ҷазои ҷиноӣ хоҳад дошт



Сафаргули Олимӣ



Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни вуруди тағйирот ба қонуни ҷиноии кишварро қабул кард, ки тибқи он ба кодекси ҷиноӣ моддаи 130-1 роҷеъ ба хариду фуруши одамон ворид карда шуд. Ин модда аз се қисм иборат буда, тибқи он шахсоне, ки бо роҳи зурӣ занону кудакони ноболиғро мехаранд ё мефурушанд, ба 5 то 8 соли зиндон ва мусодираи амвол маҳкум карда хоҳанд шуд.

Тухта Почомуллоев, муовини раиси кумитаи Маҷлиси Намояндагон дар умури тартибот, мудофиа ва амният гуфт, дар лоиҳаи қонуни мазкур шароити конвенсияҳои байналмилалие ба мисли конвенсияи пешгирӣ аз фуруши занон ва кудакон, конвенсияҳои мубориза алайҳи меҳнати маҷбурӣва алайҳи фуруши одам ва маҷбур сохтан ба фоҳишагарӣ, ки Тоҷикистон низ ба онҳо пайвастааст, ва натиҷагирии созмони ғайридавлатии "Модар" дар мавриди қочоқи инсон ба инобат гирифта шудаанд. Ва аммо моддаи хариду фуруши одамон, ки Маҷлиси Намояндагон онро ба тасвиб расонд, танҳо пас аз имзои президенти Тоҷикистон ҳукму эътибори қонун пайдо мекунад.

XS
SM
MD
LG